«Бонуи Пик» -дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балет
ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел, соати 18:00, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ спектакли навро бо номи «Бонуи Пик» манзури ҳаводорони санъати театрӣ мегардонад.
Тавре аз Театри мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намоиши мазкур ба ҷашни 180-солагии композитори рус Пётр Чайковский бахшида шудааст. «Бонуи Пик» дар заминаи сиёсати фарҳангии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баргардонидани шуҳрати ҷаҳонии санъати опера ва балети тоҷик таҳия шуда, ба талабот ва завқи бинандаи имрӯз созгор аст.
Коргардон-таҳиягари намоиш Суҳроб Усмонов, рассом Ҷамшед Юнусов, дирижёр Анвар Шоймуродов ва хормейстер Елена Тиллоева мебошанд.
Дар намоиш нақшҳоро ҳунармандони касбӣ Манучеҳр Раҳмонов, Сайфулло Юсупов, Достон Холов, Содиқ Нуруллоев, Нарзулло Болтуев, Қурбон Зокиров, Комрон Содиқов, Амонуллои Нурулло, Пайрав Аюбов, Ҷамшед Саидов, Шуҳрат Сафаров, Сафар Салихов, Такуи Арутюнян, Ангелика Тиман, Шарофат Усмонзода, Манижа Назарова, Макнуна Хайруллозода, Мария Мирзоева ва Мунзифа Исоева иҷро мекунанд.
Операи «Бонуи Пик» дар асоси романи машҳури Александр Пушкин тавассути композитори машҳур Пётр Чайковский эҷод шудааст. Чайковский «Бонуи Пик»-ро хеле дӯст медошт ва онро шоҳкор меномид. Опера аввали баҳори соли 1890 дар Флорентсия навишта шуда, оҳиста-оҳиста ба репертуари бисёр театрҳои Аврупо ва Амрико ворид гардидааст. Онро то имрӯз дар театрҳои калони шаҳрҳои Москва, Прага, Вена, Ню-Йорк, Лондон ва ғайраҳо бо забонҳои гуногун ба саҳна гузоштаанд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






