ЧӢ ТАВР КОРОНАВИРУСРО НОБУД СОЗЕМ? Тавсияи табибон ва мутахассисон

Апрель 21, 2020 12:17

 ДУШАНБЕ, 21.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Чӣ тавр бояд худро аз коронавирус ҳифз намуд,  дастонро чӣ гуна тоза  нигоҳ дошт, ҳангоми  рӯбучини хона аз кадом  маҳлулҳои  шустушӯӣ бояд истифода кард? Бо вуҷуди он ки то ҳол бар зидди SARS-CoV-2 ягон ваксина  нест, вале бо риояи баъзе қоидаҳо  онро метавон дар  шароити хона нобуд сохт. Бояд хотиррасон  намуд, ки ин ҷо сухан дар бораи  коркарди ашёи хона аст, на табобат. Мо машварати табибон ва мутахассисонро  оид ба ин масъалаи  ҳаётан муҳим интихобан омода кардем.

Тавсия дода мешавад, ки ҳамарӯза дар хона он ҷойҳоеро, ки пайваста даст мерасонем, тамиз намоем. Масалан, дару тиреза, лӯлаҳои обгузар, асбоби идоракунии таҷҳизоти техникӣ, компютерҳо ва ғайра аз ин ҷумлаанд.

Об ва собун

Мунтазам шустани дастон яке аз воситаҳои самараноки бартараф кардани коронавирус аст. Ин аввалин ва муҳимтарин чизест, ки мутахассисон тавсия медиҳанд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ беҳтар аст, ки ба ҷои сачоқи муқаррарӣ аз сачоқчаҳои якдафъаинаи  пахтагӣ истифода намоем.

АКС: Depositphotos

Шустушӯи  дастҳоро набояд зуд анҷом дод. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, тамоми раванд бояд ақаллан  аз 40-60 сония иборат бошад.

Таҷҳизоти маишӣ — кумакрасони мо 

Мо аллакай гуфта будем, ки барои мубориза бо ин сироят аз тамоми чиз бояд истифода бурд, аз ҷумла таҷҳизоти техникӣ метавонанд кумакрасони мо бошанд. Олимон муайян кардаанд, ки барангезандаи COVID-19 дар баъзе ҳолатҳо осебпазир аст, шустани либос бо  мошинаи ҷомашӯӣ яке аз онҳост. Ин ҷо ҳам гармӣ ва ҳам моеъҳои шустушуӣ таъсири худро мерасонанд. Ҳамин тариқ, шустани либос дар ҳарорати 60 дараҷа онро барои инсон безарар мегардонад, вале набояд фаромӯш кард, ки ин ҳарорат на ба ҳама  матоъ мувофиқ аст.

Маҳлулҳои тамизгардонӣ                      

«Роскачество»  ёдрас менамояд, ки шустушӯи дастон аз истифодаи ҳар гуна маҳлулҳо  беҳтар аст. Вале ин на ҳамеша дастрас аст. Дар ин ҳолат истифодаи маҳлулҳое, ки 60%  спирт доранд, тавсия дода мешавад. Вале маҳлулҳои тамизкунанда бо  дараҷаи камтар, масалан   иборат аз 30%  самараи хуб надошта, бактерияҳоро нобуд намесозанд, танҳо паҳншавии вирусро бозмедоранд.

Ҳамзамон истифода аз чунин маҳлулҳо низ қоидаҳои муайяни худро дорад. Чун шустани дастҳо  бо об, дар ин ҳолат низ  онҳоро бояд бо ҷидду ҷаҳд ва на камтар аз 20-30 сония тоза намуд.

Воситаҳои шустушӯӣ

Агар собун ва маҳлулҳои спиртдор ба пӯсти одам безарар бошанд, пас барои тоза намудани ашёи хона  маҳлулҳои тозакунии махсус  муносибтаранд. Дар сомонаи СУТ омадааст, ки маҳлулҳои хлордор дар ин маврид воситаҳои муассир буда метавонанд. Вале бояд эҳтиёткор буд, чун истифодаи нодурусти он метавонад ба саломатӣ зиён биорад.

Чӣ ба мо кумак намекунад?

Одамон дигар интизори ваксина нашуда, мустақилона  ба мубориза бар зидди пандемия  бархостаанд.  Шабакаҳои иҷтимоӣ  аз «тавсияҳо» ва  «усулҳо»-и  зидди ин  офат лабрез гаштаанд. Албатта, инҳоро сарфи назар намудан лозим аст, чунки нафъе надоранд.

ОБИ  НӮШИДАНӢ. Табиби японӣ маслиҳат медиҳад, ки ҳар 15 дақиқа об бояд нӯшид, то вирусро аз даҳон бишӯяд. Аммо дар Донишгоҳи Оксфорд ин гуфта далели худро пайдо накард.

СИРПИЁЗ. СУТ сирпиёзро барои нобуд сохтани микробҳо самарабахш арзёбӣ менамояд. Вале он садди роҳи коронавирус шуда наметавонад.

НУҚРА. Дӯстдорони нуқра чунин меҳисобанд, ки он дар бартарафсозии бемориҳо мададрасон аст. Бале, нуқра дар баъзе ҳолатҳо метавонад нафърасон бошад, масалан ҷароҳатбандӣ бо он хуб аст, вале боз ҳам ин ба коронавирус ягон рабте надорад.

ШУСТУШӮИ БАДАН БО ОБИ ГАРМ. Дар ин бора маслиҳатҳои гуногун  вуҷуд доранд, мутаассифона, онҳо низ кумак расонда наметавонад. Вале барои рафъ  сохтани хастагӣ ва ором намудани ҳассосияти асабҳо он воситаи хубест.

Апрель 21, 2020 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон