COVID-19 ДАР ҶАҲОН: то имрӯз беш аз 955 ҳазор нафар беморони гирифтори коронавирус шифо ёфтаанд

Апрель 29, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 3 миллиону 138 ҳазору 413 нафар буда, аз онҳо 955 ҳазору 824 кас шифо ёфтаанд ва 217 ҳазору 985 тан вафот кардаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 1 миллиону 35 ҳазору 765 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 59 ҳазору 266 нафар ва шумораи шифоёфтагон 142 ҳазору 238 касро ташкил медиҳад.

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 232 ҳазору 129 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 2 706 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 23 ҳазору 822 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 123 ҳазору 903 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия шумораи мубталоён 201 ҳазору 505 нафар ва теъдоди фавтидагону шифоёфтагон мутаносибан 27 ҳазору 359 нафар ва  68 ҳазору 941 кас мебошад.

Дар Франсия 165 ҳазору 911 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 23 660 ҳолати фавт ва 46 886 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 161 ҳазору 145 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 21 ҳазору 678 нафар мебошад.

Дар Германия теъдоди мубталоён 159 ҳазору 912 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 6 314 ва теъдоди шифоёфтагон 117 400 нафар мебошад.

Дар Туркия теъдоди гирифторони коронавирус ба 114 ҳазору 653 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 992 ва 38 809 нафар мебошад.

Дар Россия, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон аз Чин ва Эрон пеш гузашта, ба ҷойи 8-ум баромад, дирӯз 6 411 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 93 558 кас расид. Аз ин шумора 8 456 нафар табобат шуда, 867 кас фавтидаанд.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 90 ҳазору 481 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 710 нафар вафот кардаанд.

Дар Чин 82 ҳазору 858 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 633 нафар вафот намудаанд ва 77 578 кас шифо ёфтаанд.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Беларус – 12 208 ҳолат, Украина – 9 410, Молдова – 3 638, Қазоқистон – 3 063, Ӯзбекистон – 1 939, Арманистон – 1 867, Озарбойҷон – 1 717 ва Қирғизистон — 729 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

То имрӯз дар Беларус  1 993 нафар, Озарбойҷон — 1 221, Молдова – 975, Украина — 992, Арманистон  – 866, Ӯзбекистон – 992, Қазоқистон – 774 ва Қирғизистон – 437 нафар шифо ёфтаанд.

Илова бар ин, дар Украина 239 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Молдова – 103, Беларус – 79, Арманистон – 30, Қазоқистон – 25, Озарбойҷон – 22, Қирғизистон – 8 ва Ӯзбекистон 8 нафар фавтидаанд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 828 нафар буда, 228 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 58 тани дигар вафот кардаанд.

Дар байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шуда, 20 077 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо 152 ҳолати фавт ва 2 784 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар Қатар 11 921 нафар мубталои коронавирус шуда, аз онҳо 10 кас вафот кардаанд ва 1 134 нафар табобат шудаанд.

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 11 380 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, дар он шумораи фавт ва шифоёбӣ нисбат ба Қатар бештар аст — 89 ва 2 181 ҳолат.

Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 359 нафар. Шумораи сироятёфтагон 5 042 нафар ва шифоёфтагон 1 304 касро ташкил медиҳад.

Теъдоди мубталоён дар Ироқ 1 928 нафар буда, шумораи фавтидагон 90 нафар ва табобатшудагон 1 319 кас мебошад.

Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 8 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 2 811 нафарро ташкил медиҳад. Дар он 1 310 кас шифо ёфтаанд.

Дар Кувайт 23 ҳолати фавт сабт гардида, 3 440 нафар сироят ёфтаанд ва 1 176 кас табобат шудаанд.

Шумораи мубталоён дар Сурия 43 нафар буда, 3 ҳолати фавт ва 21 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Апрель 29, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент