COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия беш аз 18 ҳазор нафар гардид

Апрель 13, 2020 13:35

ДУШАНБЕ, 13.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 2558 нафар зиёд шуда, 18 328 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида низ дар ин давлат зиёд шуда, мутаносибан ба 1470 ва 148 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Украина 3102 ҳолат, Беларус – 2578, Молдова – 1662, Озарбойҷон – 1098, Арманистон – 1039, Қазоқистон – 973, Ӯзбекистон – 896 ва Қирғизистон 419 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид.

Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 1470 нафар, Озарбойҷон – 250, Арманистон  – 211, Беларус – 203, Молдова – 107, Қазоқистон – 111, Украина — 97, Қирғизистон – 67 ва Ӯзбекистон – 66 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Дар баробари ин, дар Россия 148 ҳолат, Украина – 93, Молдова – 33, Беларус – 26, Арманистон – 14, Озарбойҷон – 11, Қазоқистон – 11, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон  4 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус бетағйир боқӣ монда, 607 нафарро ташкил медиҳад, ки 32 нафари онҳо шифо ёфта, 19 тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 856 ҳазору 800 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 114 ҳазору 312 нафар вафот карда, 428 ҳазору 275 кас шифо ёфтаанд ва 50 ҳазору 852 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (560 433 нафар), Испания (166 831), Италия (156 363), Франсия (132 591), Германия (127 854), Британияи Кабир (84 279), Чин (82 160), Эрон (71 686), Туркия (56 956     ) ва Белгия (29 647) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар дар Чин — 77 663 нафар, Германия  – 64 300, Испания – 62 391, Эрон – 43 894, Италия – 34 211, ИМА – 32 634, Франсия – 27 186, Швейтария – 12 700, Кореяи Ҷанубӣ – 7 447       ва Канада – 7 172 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (22 115 нафар), Италия (19 899), Испания (17 209), Франсия (14 393), Британия Кабир (10 612), Эрон (4 474), Белгия (3 600), Чин (3 341), Германия (3 022) ва Нидерланд (2 737) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки СУТ  имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Апрель 13, 2020 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон