COVID-19. Дар Қирғизистон аввалин бемори гирифтор ба коронавирус вафот кард

Апрель 3, 2020 09:44

ДУШАНБЕ, 03.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 1 миллион нафар расида, теъдоди шифоёфтагон зиёда аз 212 ҳазор кас ва фавтидагон беш аз 53 ҳазор тан гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Ба ҳолати субҳи 3 апрел дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шумораи сироятёфтагон аз коронавирус ба 7091 нафар расид. Аз ҷумла дар Россия 3548 ҳолат, Украина – 897, Арманистон – 663, Молдова – 505, Қазоқистон – 444, Озарбойҷон – 400, Беларус – 304, Ӯзбекистон – 205 ва Қирғизистон — 125 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 235 нафар, Беларус — 53, Арманистон — 33, Қазоқистон — 28, Озарбойҷон — 26, Ӯзбекистон – 25, Молдова — 23, Украина – 19 ва Қирғизистон — 5 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Дар Қирғизистон аввалин беморе, ки дар ӯ сирояти коронавируси COVID-19 ошкор гардида буд, вафот кард. Илова бар ин, дар Россия 30 ҳолат, Украина – 22, Арманистон – 7, Молдова – 6, Озарбойҷон – 5, Беларус – 4, Қазоқистон — 3 ва Ӯзбекистон — 2 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 273 нафарро ташкил медиҳад, ки 10 нафари онҳо шифо ёфта, 6 тани дигар вафот кардаанд.

Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 245 ҳазору 88 нафарро ташкил медиҳад.

Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 115 242 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия ҳанӯз ҳам мамлакати аврупоие боқӣ  мемонад, ки дар он шумораи зиёди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 13 915 нафарро ташкил медиҳад.

Испания аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 112 ҳазору 65 нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Германия — 84 794, Чин — 81 620, Франсия — 59 105, Эрон — 50 468, Британияи Кабир — 33 718, Швейтсария — 18 827, Туркия – 18 135, Белгия – 15 348, Нидерланд – 14 697, Канада – 11 283, Австрия – 11 129 ва Кореяи Ҷанубӣ — 10 062 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҳама бештар  дар Чин — 76 571 нафар, Испания – 26 743, Германия – 22 440, Италия – 18 278, Эрон – 16 711, Франсия – 12 428, ИМА – 10 403, Кореяи Ҷанубӣ – 6 021, Швейтсария – 4 013 ва Белгия – 2 495 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (13 915 нафар), Испания (10 348), ИМА (6 088), Франсия (5 387), Чин (3 322), Эрон (3 160), Британияи Кабир (2 921), Нидерланд (1 339), Германия (1 107) ва Белгия (1 011) дохил мешаванд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 200 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Апрель 3, 2020 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд