COVID-19 дар минтақаи аврупоии СУТ: паёмҳои умедбахш ҳастанд, аммо вазъият ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад

Апрель 9, 2020 11:05

ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Далели он ки ИМА ба маркази сирояти  COVID-19  табдил ёфтааст, набояд манзараи носозгори Аврупоро, ки вирус ҳанӯз ҳам паҳн мешавад, паноҳ созад. Вале дар баробари ин паёмҳои умедбахш низ вуҷуд доранд, гуфт директори минтақавии СУТ Ханс Клюге, аммо ҳушдор дод, ки тамоми сабукиҳои маҳдудияти ҷойдошта бояд ҷиддан омӯхта шаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ.

Дар минтақаи аврупоии СУТ  687 236 ҳолатҳои тасдиқгаштаи сироят ба қайд гирифта шуда, 52 824 нафар фавтидаанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ҳамчунин ба минтақаи аврупоии СУТ шомил аст, алҳол аз ҷиҳати сироят пешсаф аст, баъди ӯ Испания, Италия, Германия, Франсия, Британияи Кабир, Туркия ва  Швейтсария ҷой гирифтаанд. Ба гуфти Клюге, дар кишварҳои Аврупо, ки интиқоли дохилии вирус мушоҳида шудааст, нишонаҳои сустшавии афзоиши нави коронавирус ба назар мерасанд. Дар минтақаҳои  дигар зиёд шудани ҳолатҳои сироят ё хурӯҷи  нави беморӣ  дида мешавад.  Дар Туркия эпидемия бо суръати тамом паҳн мешавад, аз ҷумла 60 фоизи сироятҳо дар худи Истанбул ба вуқӯъ мепайванданд. Теъдоди сироят дар Исроил, Украина, Белгия ва Норвегия ҳамчунин меафзояд. Дар Шветсия хурӯҷи нави беморӣ сабт шудааст.

Испания  бо вуҷуди он ки аз ҷиҳати сироятнокӣ аз Италия пеш гузаштааст, аммо он ҷо суръати сироят паст гашта, фавт низ зиёд нашудааст. Дар Италия низ паҳншавии вирус хеле коҳиш  ёфтааст.

Ҳолатҳои нави сироятёбӣ дар Германия кам гашта, вазъи  кишварҳои  Австралия, Нидерландия  ва Швейтсария низ мӯътадил мегардад.

Дар бораи ин ду раванди гуногун сухан ронда, Клюге гуфт: «Мо медонем, ки вирус дар ҳама ҷо як хел таъсир мерасонад ва акнун чӣ гуна зери назорат гирифтани онро беҳтар меомӯзем».

Маълум аст, ки тамоми гурӯҳҳои синнусолӣ метавонанд гирифтори вирус шаванд, аммо аслан беморони солхӯрда ба ҳолатҳои шадид  рӯ ба рӯ мешаванд.

«Ҳарчанд эҳтимолияти мушкилиҳо дар калонсолони аз 60 боло зиёдтаранд, аммо фавти кӯдаки панҷсола дар Британияи Кабир ва наврас дар Белгия нишони онанд, ки ин беморӣ гоҳо барои кӯдакон ва ҷавонон низ метавонад марговар бошад»,- гуфт  роҳбари Шӯрои аврупоии СУТ.

95 дар сади беморони ҳалокшуда аз 60 –сола боло ҳастанд, ки аз се ду ҳиссаи он мардонанд. Аксари онҳо  аз бемории музмини дил ва диабети қанд азият мекашиданд.

«Омӯзиши вирус ва баъзе паёмҳои хуши кишварҳо ҳанӯз маънои пирӯзии мутлақро надорад»,- гуфт доктор Клюге. Мо бояд боз ҳам тамоми қувва ва қудрати хешро дар набард бо ин беморӣ дар тамоми давлатҳо ва минтақаҳо афзун созем.

«Ҳама гуна тағйирот дар суст кардани низоми карантин ё масофаи иҷтимоӣ бояд хеле бодиққат омӯхта шаванд»,- гуфт роҳбари Шӯрои аврупоии  СУТ. Мо бояд итминони комил дошта бошем, ки вирус  дар куҷо мутамарказ шудааст ва хадамоти тиббӣ бо он чи гуна мубориза мебаранд». Барои пешгирии сироят бояд озмоиши васеъ, ҷудокунии беморон ва ҷустуҷӯи шахсони бо онҳо дар алоқабуда идома ёбанд. Ин бениҳоят муҳим аст. Ӯ гуфт, ки СУТ кишварҳои эпидемиядорро дастгирӣ мекунад. Масалан, гурӯҳи кошиносон ба Беларус рафт,  то ба он кумак намояд.

Дар аск: «Ёрии таъҷилӣ» дар назди беморхонаи Киев, ки онҷо беморони  коронавирус табобат мегиранд. Сурати СММ  Украина/В.Шуваев.

Апрель 9, 2020 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд