COVID-19: дар Россия 5 236 ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор гардид

Апрель 22, 2020 14:40

ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия ба 57 ҳазору 999 нафар расид. Давоми рӯз дар ин давлат 5 236 ҳолати нав ошкор гардида, теъдоди беморони шифоёфта 4 420 нафар ва шумораи фавтидагон 513 кас мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Беларус шумораи гирифторони ин вирус 7 281 нафар, Украина – 6 592, Молдова – 2  614, Қазоқистон – 2 047, Ӯзбекистон – 1 692, Озарбойҷон – 1 480, Арманистон – 1 473 ва Қирғизистон 612 нафар мебошад.

Дар ҳамаи ин давлатҳо дар баробари зиёдшавии шумораи сироятёфтагон ҳамчунин тамоюли шифоёбии онҳо низ рӯ ба инкишоф аст. Масалан, то имрӯз дар Озарбойҷон 865 нафар, Беларус – 769, Арманистон  – 633, Молдова – 560, Қазоқистон – 505, Украина — 424, Ӯзбекистон – 372 ва Қирғизистон – 254 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Илова бар ин, дар Украина 174 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Молдова – 73, Беларус – 58, Арманистон – 24, Қазоқистон – 19, Озарбойҷон – 20, Қирғизистон – 7 ва Ӯзбекистон 6 нафар фавтидаанд.

То имрӯз миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус ба 1 143 нафар расида, 166 нафари онҳо шифо ёфта, 40 каси дигар вафот кардаанд.

Тибқи маълумоти нави СУТ, дар ҷаҳон беш аз 2,5 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора зиёда аз 177 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 700 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва зиёда аз 57 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (819 175 нафар), Испания (204 178), Италия (183 957), Франсия (158 050), Германия (148 453), Британияи Кабир (129 044), Туркия (95 591), Эрон (84 802), Чин (82 788) ва Россия (57 999) дохил мешаванд.

Бояд гуфт, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард ва имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АКС аз Сергей Малгавко/ТАСС

Апрель 22, 2020 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид