COVID-19 дар ҳудуди ИДМ меафзояд: шумораи гирифторони коронавирус дар Россия беш аз 32 ҳазор нафар гардид

Апрель 17, 2020 13:50

ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 4 070 нафар зиёд шуда, 32 ҳазору 8 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди беморони шифоёфта дар ин давлат ба 2 590 нафар ва шумораи фавтидагон ба 273 кас расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Украина шумораи гирифторони ин вирус 4 662 нафар, Беларус – 4 204, Молдова – 2 154, Қазоқистон – 1 480, Ӯзбекистон – 1 380, Озарбойҷон – 1 283, Арманистон – 1 201 ва Қирғизистон 489 нафар мебошад.

Дар ҳамаи ин давлатҳо дар баробари зиёдшавии шумораи сироятёфтагон ҳамчунин тамоюли шифоёбии онҳо рӯ ба инкишоф аст. Масалан, то имрӯз дар Россия 2 590 нафар, Озарбойҷон – 460, Арманистон  – 402, Қазоқистон – 285, Молдова – 276, Украина — 246, Беларус – 203, Ӯзбекистон – 140 ва Қирғизистон – 114 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Ҳамзамон дар Россия 273 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Украина – 125, Молдова – 54, Беларус – 40, Арманистон – 19, Қазоқистон – 17, Озарбойҷон – 15, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 нафар фавтидаанд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 66 нафар зиёд шуда, 906 касро ташкил медиҳад, ки 99 нафари онҳо шифо ёфта, 30 тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 190 ҳазору 10 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 147 ҳазору 10 нафар вафот карда, 553 ҳазору 650 кас шифо ёфтаанд ва 56 ҳазору 601 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (678 210 нафар), Испания (184 948), Италия (168 941), Франсия (165 027), Германия (138 135), Британияи Кабир (103 093), Чин (82 692), Эрон (77 995), Туркия (74 193) ва Белгия (34 809) дохил мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки СУТ имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АКС аз Денис Гришкин/Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Москва/ТАСС

Апрель 17, 2020 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид