COVID-19: Россия аз рӯи шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба ҷои 10-ум баромад

Апрель 18, 2020 13:21

ДУШАНБЕ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 4 785 нафар зиёд шуда, 36 ҳазору 793 нафарро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин нишондод Россия аз Белгия, ки дар он 36 ҳазору 138 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст, пеш гузашта, дар ҷаҳон ба ҷои 10-ум баромад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Ҳамчунин теъдоди беморони шифоёфта дар Россия ба 3 057 нафар ва шумораи фавтидагон ба 313 кас расид.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз Россия ҳамчунин ИМА (710 272 нафар), Испания (190 839 нафар), Италия (172 434), Франсия (147 969), Германия (141 397), Британияи Кабир (108 692), Чин (82 719), Эрон (79 494) ва Туркия (78 546) дохил мешаванд.

Дар Украина низ теъдоди мубталоён зиёд шуда, давоми рӯз 444 ҳолати нав ошкор гардид. Дар маҷмӯъ шумораи беморон дар он 5 106 нафар буда, аз онҳо 275 кас шифо ёфтаанд ва 133 нафар фавтидаанд.

Шумораи гирифторон ба ин вирус дар Арманистон 47 нафар зиёд шуда, 1248 касро ташкил медиҳад. Дар ин давлати минтақаи Қафқоз 523 нафар шифо ёфта, 20 каси дигар вафот кардаанд.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) теъдоди беморони гирифтор ба COVID-19 бетағйир буда, дар Беларус 4 204 нафар, Молдова – 2 264, Қазоқистон – 1 593, Ӯзбекистон – 1 450, Озарбойҷон – 1 340 ва Қирғизистон 506 нафар мебошад.

Шумораи беморони шифоёфта ба ҷуз аз Қазоқистон, ки дар он аз 347 ба 361 нафар расид, дар дигар давлатҳо бетағйир буда, дар Озарбойҷон 528 нафар, Беларус – 342, Молдова – 276, Ӯзбекистон – 156 ва Қирғизистон – 130 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар Молдова  54 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Беларус – 40, Қазоқистон – 17, Озарбойҷон – 15, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 нафар фавтидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус 27 нафар зиёд шуда, 933 касро ташкил медиҳад, ки 131 нафари онҳо шифо ёфта, 30 тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 258 ҳазору 725 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 154 ҳазору 381 нафар вафот карда, 575 ҳазору 837 кас шифо ёфтаанд ва 57 ҳазору 133 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

СУТ 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард ва имрӯз дар бораи 210 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АКС аз Виталий Белоусов/ РИА Новости

Апрель 18, 2020 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид