Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид

Апрель 16, 2020 16:53

ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ – фарҳангӣ доир гардид.  Дар он муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Зулфия Аҳмадзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, шоири ҷавон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бузургмеҳри Баҳодур, ҳамзамон устодон, магистрантон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  аз Академияи идоракунии давлатӣ  хабар доданд.

Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Зулфия Аҳмадзода иброз дошт, ки Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг, пойтахти Тоҷикистон мебошад. Мояи фараҳмандии ҳар як сокини пойтахт аст, ки  шаҳри Душанбе бо идеяҳои тозаи шаҳрдори ҷавон Рустами Эмомалӣ симояшро куллан дигар намуда, ба шаҳри афсонавӣ ва зебоманзари сайёра табдил ёфтааст.

Абдулҳамид Самад зикр намуд, ки ҳанӯз аз давраҳои пеш дар асарҳои барҷастаи адибони тоҷик ҷойҳои таърихӣ ва шаҳрҳо тавсиф карда мешуд, аммо яке аз хусусиятҳои тавсифи имрӯзаи мо, эҷодкорон, ба назм ва наср даровардани пойтахти маҳбубамон- шаҳри Душанбе мебошад, ки имрӯз аз зебо шудани шаҳр, гулкориҳо, рушду равнақ ёфтани соҳаҳои гуногун дар шаҳр, гузаронидани чорабиниҳо, озмунҳову маҳфилҳои сатҳи ҷумҳуриявии байналмилалӣ ба мо илҳоми тоза мебахшад.

“Имрӯз ҳамчун бошандаи кӯчаки ин сарзамини бузург моро зарур аст, ки бо тамоми бузургиҳояш онро васфу ситоиш намоем, зеро он бузургмеҳанест, ки ба дилу дидаҳо қарину барҷост. Душанбе маконест, ки саросар гулрезу гулбасару машҳуру дилорост. Биноҳои серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театру донишкадаҳои бузург, биноҳои маъмуриву фарҳангӣ, илова бар ҳамаи ин маркази сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодӣ  буданаш Душанберо даҳчанд зебову овозадор мегардонадн”, — иброз намуд А. Самад.

Зикр шуд, ки Душанбе макони мардони хирад, занони баору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Мавзеест, ки саросар дилфиребу дилоро ва бешубҳа, мафтункунанда. Душанбе шаҳрест зебову дилоро ва макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор.

Донишҷӯёни навқалами Академия шеърҳои эҷоднамудаи худро дар васфи Ватан, модар ва Душанбе ба ҳозирин қироат намуданд.

Апрель 16, 2020 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад