Дар ДМТ даври умумидонишгоҳии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври умумидонишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Ҳайати ҳакамони даври умумидонишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирокчиёнеро, ки натиҷаи баландро соҳиб гардиданд, барои иштирок ба даври дуюм пешниҳод намуданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР иттилоъ медиҳад, ин даври озмунро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ намуд. Дар он ҳайати ҳакамон, устодону донишҷӯён, аспирантону магистрон, унвонҷӯёну докторантон, инчунин хонандагон литсейи Донишгоҳ иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки соли дуюм аст дар мамлакат ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Тавре аз низомномаи озмун бармеояд, он бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат) доир мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз таълимгирандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи номинатсияҳои «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик» «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» «Аз ёд кардану хондани осори классикӣ» «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик» иштирок намуданд.
Соли равон гуфт, гуфт узви ҳайати ҳакамони озмун, мудири кафедраи адабиёти навини тоҷикӣ-форсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муртазо Зайниддинзода, бар замми номинатсияҳои озмуни қаблӣ довталабон аз рӯи номинатсияи шоирӣ низ миёни ҳам рақобат мекунанд.
«Дар маҷмӯъ эълон гардидани озмуни мазкурро, ки бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат сурат гирифт, ҷомеа хуб қабул намуд. Зеро имрӯз хуб мушоҳида мешавад, ки китобхонӣ миёни тамоми қишрҳои ҷомеа ба як ҳаракати сартосарӣ табдил ёфта истодааст», — афзуд мавсуф дар суҳбат бо хабарнигорон.
Тибқи ҷадвали баргузорӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз чор давр иборат буда, аз моҳи январ то моҳи декабр ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:
-даври якум моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, маркази деҳот, шаҳрак;
-даври дуюм моҳи июн дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);
-даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
-даври чоруми озмун барои ғолибон то 10 декабр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ҷамъбаст мегардад.
Натиҷаи даври аввали озмун ба расмият дароварда шуда, бо имзои раис ва аъзои ҳайати ҳакамон тасдиқ ва нусхаю варақаи баҳогузорӣ, нусхаи сабти видеоӣ дар парвандаи ғолиби озмун нигоҳдорӣ ва барои даври минбаъдаи озмун манзур мегарданд.









Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






