Дар доираи Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» намоиш-фурӯши китоб ва вохӯрӣ бо адибон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 06.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, рӯзи чорум аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар саросари мамлакат бошукӯҳ ҷараён дорад. Имсол Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар тасмим гирифтааст, ки тӯли як ҳафтаи Фестивал намоиш-фурӯши китоб ва вохӯрӣ бо адибонро доир намояд.
Ба Фестивали мазкур тамоми хонандагони муассисаҳои мамлакат ҷалб гардида, қобилияти шеърхонӣ, мутолиаи китоб ва расмкашии худро нишон медиҳанд. Ҳамчунин баргузории барномаҳои гуногуни шавқовар барои кӯдакону наврасон, мулоқоту конфронсҳо, суҳбатҳо бо адибон, намоиши китоб ва муаррифии китобҳои тозанашр доир мегарданд. Инчунин озмун аз рӯи панҷ номинатсия гузаронида мешавад, ки беҳтаринҳои он бо туҳфа ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ мегарданд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва фарҳанг- ин тарбияи насли ояндаи миллат дар рӯҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, равона сохтани майл ва завқу рағбати онҳо ба донишомӯзӣ, баҳрабардории бештари кӯдакону наврасон аз дастовардҳои илмию техникӣ, техника ва технологияи муосир мебошад.
Тавре дар суҳбат бо мо муҳаррири Муассисаи нашриявии «Маориф» Зарина Шафиева иброз дошт, «мо имрӯз зиёда аз сад номгӯй китобҳои бадеии бачагонаро ба намоиш-фурӯш пешниҳод намудем. Баргузории чунин намоиш-фурӯши китоб барои наврасон манфиатовар аст. Зеро онҳо метавонанд ба китобҳои ба синнашон мувофиқ дастрасӣ дошта бошанд. Муассисаи нашриявии «Маориф» барои мактаббачагон бештар китобҳои дарсӣ ва бадеӣ нашр месозад. Муассисаи мо ҳар сол тақрибан то 70 номгӯй китобҳои бадеӣ аз чоп мебарорад».
Баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани фестивал ҳар сол дар назди Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда мешавад. Ситоди мазкур фаъолияти кумитаҳои тадорукот, ҳайатҳои корӣ ва эҷодии фестивалро, ки дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо созмон дода шудаанд, назорат намуда, ба онҳо ёрии амалию методӣ мерасонад.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






