Дар Душанбе таҳти унвони «Худро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед» аксия доир гардид
ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Боғи фарҳангиву фароғатии Аҳмади Дониш, Маркази савдои «Рӯдакӣ-Плаза», дар дохили нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва инчунин муассисаву ташкилоти гуногун таҳти унвони «Худро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед» аксияи тарғиботию ташвиқотӣ гузарониданд.
Дар аксия аз ҷониби донишҷӯёни Академия ба шаҳрвандон 300 адад варақаҳои тарғиботӣ тақсим гардида, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус бояд дар мадди аввал худро аз издиҳом канора гиранд. Ҳамчунин 200 ниқоби ҳимоятӣ, ки аз ҷониби чеварони Парки технологии Академия дӯхта шудаанд, ба шаҳрвандон тақдим шуданд.
Гуфта шуд, ки барои баланд бардоштани масуният (иммунитет) ҳарчи бештар истеъмол намудани ғизоҳо ва алалхусус, сабзавоту меваҷот, пиёз ва сирпиёз ҳамчун фитонсид мувофиқи мақсад аст.
Ҳамчунин аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд. Зеро бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то ҳол дар мамлакат ягон ҳолати сироятшавӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва корҳо дар самти пешгирӣ таҳти назорати доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Бемории сироятии коронавирус имрӯз ба ҳаёти сокинони сайёра, хосса давлатҳои Аврупо ва Америка, ИДМ хисороти беш оварда, бинобар риоя накардани чораҳои пешгирӣ сироятёбӣ авҷ гирифта истодааст.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 марти соли равон хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.










Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






