Дар Италия сатҳи гирифторшавӣ ба бемории коронавирус коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе дар Италия фавти 812 нафар аз бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст, вале маълумоти хадамоти мудофиаи шаҳрвандӣ нишон медиҳад, ки паҳншавии COVID-19 дар ин кишвар ниҳоят коҳиш меёбад, хабар медиҳад Агентии иттилоотии байналмилалӣ «Казинформ» бо истинод ба ANSA.
Сардори хадамоти мудофиаи шаҳрвандӣ ва комиссари ҳолатҳои фавқулода оид ба коронавирус Анджело Боррелли гуфт, ки «ба ҳолати имрӯза 1 590 бемори гирифтори коронавирус шифо ёфтанд, ки ин дар тамоми давраи ҳолати фавқулода дар Италия, шурӯъ аз оғози коронавирус то ин дам нишондиҳандаи (ҳаррӯзаи) баландтарин мебошад».
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки теъдоди умумии шифоёфтагон ба 14 620 расидааст.
То имрӯз дар Италия аз ин беморӣ 11 590 нафар ҳалок гаштаанд.
ANSA ҳамчунин тасдиқ кард, ки Италия рӯзи душанбе нишондиҳандаи иборат аз 100 000 нафарро аз рӯи теъдоди умумии одамони гирифтор ба коронавирус дар ҳама гӯшаву канори мамлакат паси сар кард. Бо назардошти теъдоди фавтидагон ва онҳое, ки шифо ёфтаанд, ин рақам имрӯз 101 739 нафарро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки аз рӯзи ошкор шудани аввалин нафари сироятшуда ба коронавирус дар минтақаи Ломбардияи Италия 40 рӯз сипарӣ шуд.








Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»






