Дар Италия сатҳи гирифторшавӣ ба бемории коронавирус коҳиш ёфт

Апрель 1, 2020 11:49

ДУШАНБЕ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе дар Италия фавти 812 нафар аз бемории коронавирус  ба қайд гирифта шудааст, вале маълумоти хадамоти мудофиаи шаҳрвандӣ  нишон медиҳад, ки паҳншавии COVID-19 дар ин кишвар  ниҳоят  коҳиш меёбад, хабар медиҳад  Агентии иттилоотии байналмилалӣ «Казинформ»  бо истинод ба ANSA.

Сардори хадамоти мудофиаи шаҳрвандӣ ва комиссари ҳолатҳои фавқулода  оид ба   коронавирус  Анджело Боррелли гуфт, ки «ба ҳолати имрӯза 1 590 бемори гирифтори коронавирус шифо ёфтанд, ки ин дар тамоми давраи ҳолати фавқулода  дар Италия,   шурӯъ аз оғози коронавирус то ин дам    нишондиҳандаи  (ҳаррӯзаи) баландтарин мебошад».

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки теъдоди умумии шифоёфтагон ба 14 620 расидааст.

То имрӯз дар Италия аз ин беморӣ  11 590 нафар ҳалок гаштаанд.

ANSA   ҳамчунин тасдиқ кард, ки Италия рӯзи душанбе   нишондиҳандаи иборат аз 100 000  нафарро аз рӯи  теъдоди умумии одамони гирифтор ба коронавирус  дар ҳама гӯшаву канори мамлакат паси сар кард. Бо назардошти теъдоди фавтидагон ва онҳое,  ки шифо ёфтаанд, ин рақам имрӯз 101 739    нафарро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки аз рӯзи ошкор шудани аввалин нафари сироятшуда ба коронавирус дар минтақаи Ломбардияи Италия 40 рӯз сипарӣ шуд.

 

Апрель 1, 2020 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»