Дар Конибодом масъалаи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро баррасӣ намуданд

Апрель 24, 2020 09:25

ДУШАНБЕ, 24.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рафтору кирдори хонандагон, хониши онҳо, иштироки онҳо дар дарс, худдорӣ аз оворагардӣ, тарзи муошират, истифодаи телефонҳои мобилӣ, даст назадан ба ҷинояткорӣ, аз ҷониби падару модарон зери назорати доимӣ  қарор гирифтани фарзандон ва рафтори онҳо — ҳамаи ин уҳдадориҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба дӯши волидайн вогузор намудааст. Доир ба шаҳри пурраи ин мавзӯъ дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноати дӯзандагӣ»- и шаҳри Конибодом бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи тиб, кормандони муассиса ва падару модарони таълимгирандагон мулоқот баргузор гардид.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш баланд бардоштани савияи дониш ва таълиму тарбияи фарзандон, инчунин баррасии масъулияти волидайн дар ин самт арзёбӣ гардид.

Зикр гардид, ки падару модарон вазифадоранд ба рафтори фарзандонашон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро тарбия аз оила оғоз мешавад ва рафтору гуфтори волидайн барои фарзанд бояд намунаи ибрат бошад.

Зимни мулоқот намояндаи Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим оид ба навъи нави коронавируси COVID-19 ва пешгирӣ аз ин беморӣ маълумоти мушаххас дода, зикр намуд, ки ҳарчанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин намуди беморӣ то имрӯз ба қайд гирифта нашудааст, вале мо набояд аз ин фориғбол гардем.

Зикр шуд, ки мо бояд имрӯзҳо тибқи дастуру  ҳидоятҳои Сарвари давлат  амал намуда, дар чунин шароит ва хусусан, дар ин моҳи муборак  ба қоидаҳои беҳдоштӣ дар хона, маҳалли зист, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бештар диққат дода, барои ҳифзи саломатии худ, аъзои хонавода ва аҳли ҷомеа талош варзем.

Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки баҳри солимии ҷомеа қоидаҳои ҳатмии беҳдоштиро ҳангоми сулфаю атса задан, пеш аз омода намудани хӯрок, истеъмоли ғизо ва корҳои ҷисмонӣ риоя намоем.

Апрель 24, 2020 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст