Дар Лондон намоиши виртуалии асарҳои рассомони маъруфи тоҷик оғоз гардид

Апрель 17, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел бо ташаббуси Сафорат ва Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳри Лондони Британияи Кабир нахустин намоишгоҳи виртуалии санъати даврони Шӯравӣ ва муосири тоҷик дар яке аз нигористони  муосири санъати тасвирии шаҳри Лондон — Zari Gallery оғоз гардид. Дар ин бора директори Маркази миллии “Иттифоқи ҳунармандон” Нигина Икромӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар намоиш фаъолияти як зумра рассомони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Фаррух Негматзода, Олим Камолов, Эраҷ Олимов, Баҳром Исматов ва Раҳим Сафаров, ки асарҳояшон таърихи ғании Тоҷикистонро бозгӯӣ ва манзараҳои аҷоиби атрофи онро муоина менамоянд, манзур гардиданд.

Намоишгоҳ имконияти бузург ҷиҳати шиносоӣ бо асарҳои санъати тоҷикон, санъати Иттиҳоди Шӯравӣ, Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро пешниҳод менамояд.

Баргузории намоиши мазкур дар ҳошияи ҷашни Наврӯз ба нақша гирифта шуда, аз сабаби қабул гардидани чораҳои карантинӣ дар Британияи Кабир он ба шакли виртуалӣ гузаронида шуд.

Апрель 17, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид