Дар муассисаҳои таълимии Душанбе оид ба пешгирии коронавирус чорабиниҳо доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пурзӯр намудани пешгирии хавфи коронавирус ва таъмини некӯаҳволии санитарӣ –эпидемиологӣ дар байни омӯзгорон ва хонандагони як зумра мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, ҳамчунин дар 5 муассисаи таҳсилоти олии пойтахт аз ҷониби идораи наҷоти мамлакат суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ кормандони Кумита аз видео ва филмҳои аниматсионӣ истифода намуданд. Ба воситаи онҳо риояи чораҳои пешгирӣ, гигиенаи шахсӣ ва эҳтиёҷ ба ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми пайдо шудани нахустин нишонаҳои коронавирус маълумоти зарурӣ манзур шуданд. Онҳо ба ин васила таваҷҷуҳи беш аз 200 нафар донишҷӯёни мактаб ва донишгоҳҳоро ба ин масъалаи муҳим ҷалб намуданд.
Ба ҷуз ин, кормандони тиббии Кумитаи мазкур дар синфхонаҳо ба мактаббачаҳо тарзи истифодаи дурусти маҳлули антисептикиро нишон дода, зарурати риояи қоидаҳои беҳдоштиро фаҳмониданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба иштирокчиён китобчаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.
АКС АЗ КҲФ ВА МГ-и Тоҷикистон








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






