Дар Муассисаи давлатии «Шифобахш» семинари омӯзишӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус 14 апрел дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» таҳти роҳбарии муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар он аз ҷониби мутахассисон ба ҳозирин роҳҳои пешгирии сирояти коронавирус омӯхта шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни семинар зикр шуд, ки масъалаи пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат таҳти назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Сарвари давлат Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд. Новобаста ба он ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вируси мазкур ба қайд гирифта нашудааст, вале чораҳои пешгирии он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.
Баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани чораҳои пешгирии сирояти коронавирус аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дар муассисаҳои тандурустии мамлакат роҳандозӣ карда мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ 11 март хурӯҷи коронавируси COVID-19–ро пандемия эълон намуд. Эпидемияи илтиҳоби шуш (пневмония)- COVID-19, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуд, имрӯз дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст.








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






