Дар Муъминобод корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии COVID-19 бо усули «Хона ба хона» ба роҳ монда шудааст
ДУШАНБЕ, 25.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар ҳар ҷамоат, муассисаи таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, хусусан миёни аҳолӣ оид ба пешгирии COVID-19 вохӯриву суҳбатҳо баргузор гардида истодаанд.
Чунин як суҳбат оид ба пешгирии бемории коронавирус дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13-и Ҷамоати деҳоти Нуралишо Назарови деҳаи Момандиёни ноҳия доир гардид. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, зимни он мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хонандагон роҳҳои пешгирии паҳншавии вируси COVID-19 ва риояи тозагии шахсӣ, ҳолати санитарию гигиении хонаю ҷойҳои ҷамъиятиро фаҳмонид.
«Аҳолии ноҳияи Муъминобод 95 000 буда, тибқи нақшаи пешбинишуда мо бояд дар муддати як ҳафта дар деҳаҳои дуру наздик бо усули «Хона ба хона» гашта, корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом диҳем. Дар баробари ин дар назди даромадгоҳҳо маводи хлорӣ тайёр карда шуда, барои тамизгардонӣ истифода мешаванд. Айни ҳол мо бо 67 000 аҳолии ноҳия суҳбату вохӯрӣ гузарондем ва ин иқдом идома дорад»,-зикр кард Бахтовари Диловар.
Ҳангоми вохӯрӣ дар баробари пешгирӣ аз вирус ҳамчунин аз сокинон даъват карда шуд, ки барои корҳои ободонию бунёдкорӣ, сабзазоркунӣ, таъмири хонаю дар, тозаву озода намудани ҳавлӣ, кӯчаю маҳалла ва самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ камари ҳиммат банданд.
Сокинони ноҳияи Муъминобод ҳоло заминҳои наздиҳавлигиашонро самаранок истифода намуда, дар он ҷиҳати таъмин намудани оилаи худ бо маҳсулоти ғизоӣ сабзӣ, картошка, пиёз ва зироати ғалладонагӣ корида истодаанд.








Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






