Дар ноҳияҳои Рашту Файзобод ва Шамсиддини Шоҳин лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» амалӣ мешавад
РАШТ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муаррифии Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» бо иштироки муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва менеҷери гурӯҳи татбиқи лоиҳа Исфандиёр Маҳмудзода бо масъулини мақомоти маҳаллӣ ва ва сохторҳои тандурустии ноҳияҳои Рашту Файзобод ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон, ки ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа ба ҳисоб мераванд, вохӯриҳо доир гардиданд.
Амалисозии лоиҳаи мазкур якчанд ҳадафҳои мақсаднокро дар назар дошта, самтҳои афзалиятноки имрӯзаи соҳаи тандурустиро фаро мегирад ва барои тақвияти сиёсати соҳа дар раванди хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон мусоидат менамояд. Яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа-ин сохтмон ва таъмири беморхонаҳои марказӣ ва марказҳои саломатии ноҳияҳои таҷрибавӣ буда, онҳоро пурра бо таҷҳизоти муосир ва мебели тиббӣ таъмин менамояд. Ин амал беҳтаркунии инфрасохтори тандурустии ноҳияҳои Рашту Файзобод ва Шамсиддини Шоҳинро таҳким мебахшад.
Зимни вохӯриҳо масъулин зикр намуданд, ки амалинамоии чорабиниҳои лоиҳа таҳкими иқтидори захираҳои инсонӣ тавассути таҳияи стратегияи банақшагирӣ ва тақсимоти кадрҳоро барои ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла тавассути ба кормандони КАТС ва беморхонаҳо омӯзонидани масоили ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар марказҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар ин ноҳияҳои таҷрибавӣ дар назар дорад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур аз 29 марти соли 2019 оғоз гардида, то 31 августи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Маблағи умумии лоиҳа 35,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ 3,2 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Лоиҳа аз чаҳор қисмати амалисозӣ иборат аст. Аз ҷумла, беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, такмил додани хизматрасониҳо дар бахши саломатии модару кӯдак ва беҳтаркунии инфрасохторҳо, баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, идоракунии лоиҳа ва баҳодиҳӣ.








Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд






