Дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки 43 нафар гулдухтарон Фестивали «Чакомаи гесӯ» доир гардид
РӮДАКӢ, 06.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки 43 нафар гулдухтарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, фаъолзанон, кормандони мақомоти маҳаллӣ ва ҳайати ҳакамон Фестивали «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид. Дар натиҷа тибқи баҳои ҳакамон ҷойи аввалро сокини ҷамоати шаҳраки Сомониён Садбарг Нуруллозода ва ҷои дуюмро донишҷӯи Коллеҷи тиббии ноҳия Маҳина Саидумарова сазовор гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Фестивали мазкур се бахшро дар бар гирифта, аз ҷониби иштирокчиён ороиш ва муйбофии қадимӣ ва ҳунари машшотаҳо намоиш дода шуд.
Мақсади асосии баргузории фестивали «Чакомаи гесӯ»-ин намоиш, ороишу парвариши мӯй, рӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машшотаҳо ва ба ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, эҳёи анъанаҳову маросими миллӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Фирӯза Камолзода изҳор дошт, ки баргузории Фестивали «Чакомаи гесӯ» имконият медиҳад паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани парваришу ороиши мӯй, ҳунари волои машшотагии ин ё он маҳал, санъати асили шонатарошию навъҳои гуногуни мӯйбофию ҷамолакбандӣ, зулфандозӣ мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гиранд ва ҳунари ороишгарону машшотаҳо равнақ ёбад.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти мамлакат бунёди кошонаҳои ҳусн ба нақша гирифта шуда, фестивали мазкур барои дар оянда фаъолият намудани онҳо мусоидат менамояд.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






