Дар Прокуратураи генералӣ китобхонаи муосир таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 02.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаи муосир мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин боргоҳи маърифат 4 ҳазору 433 адад китоб ба забони тоҷикӣ, 4420 адад ба забони русӣ, 1100 адад маҷаллаҳои гуногун ва 4 ҳазор рӯзномаҳои даврӣ барои мутолиаи кормандон гирд оварда шудаанд. Инчунин ба китобхона 103 адад адабиёти тозанашр ворид карда шуд.
Ҳамзамон дар гӯшаи алоҳидаи китобхона китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таҷассумгари таърихи гузашта ва имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҷой дода шудаанд. Ба иттилои масъулини Прокуратураи генералӣ, бо супориши Прокурори генералӣ тамоми китобҳо бо тартиби ягона ва дар рӯйхати электронӣ сабт карда шудаанд, ки ин имкон медиҳад дилхоҳ адабиёт ва китоб дар фурсати кӯтоҳ пешниҳоди хонандагон гардонида шавад.
Ҳамзамон кормандон имкон доранд аз китобхона асарҳои бадеӣ ва илмию соҳавиро дастрас намоянд. Инчунин бо ҷалби мутахассисон аз Китобхонаи миллӣ панҷ ҳазор китоби электронӣ дастрас гардида, пешкаши кормандони мақомоти прокуратура гардонида шудааст. Барои баланд бардоштани савияи дониш ва иттилоъ доир ба фаъолияти пурсамар дар мақомоти прокуратура собиқадорон китобҳои соҳавӣ ва тарбиявӣ навиштаанд, ки онро кормандон метавонанд дар фаъолияти худ ба таврӣ васеъ истифода баранд.
Дар китобхона инчунин тафсири кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобҳои рӯимизии муфаттишон ва прокуророн, пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд мебошанд. Ин имкон медиҳад, ки мутахассисони ҷавони мақомоти прокуратура баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани сатҳи дониши худ аз китобхона самаранок истифода баранд. Зеро китоб ганҷ, манбаи дониш, дӯсту раҳнамои ҳар фард мебошад.
Бо назардошти нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маориф ва фарҳанг Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 зикр намуда буданд, ки «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд. Зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун ва омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатноккунии ҷомеа буда, қобилияти суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаю тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Ифтитоҳи китобхонаи замонавӣ дар мақомоти Прокуратураи генералӣ дар ҳолест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2020 Амрро дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба имзо расониданд.
Тибқи Амри дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6 феврали соли 2020 то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги халқи тоҷик бояд китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров марҳила ба марҳила нашр гардида, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оила туҳфа карда шавад.








Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад






