Дар шаҳри Кӯлоб марҳилаи аввали Фестивали «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид

Апрель 16, 2020 14:36

ДУШАНБЕ, 16.04.2020/АМИТ «Ховар»/. 15 апрел дар толори Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб марҳилаи аввали Фестивали «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид. Дар он сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, мудири шуьбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Бибинур Хушвахтова ва шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баргузории фестивал зикр гардид, ки  «Чакомаи гесӯ» имконият медиҳад паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани парваришу ороиши мӯй, ҳунари волои машшотагии ин ё он маҳал, навъҳои гуногуни мӯйбофию ҷамолакбандӣ, зулфандозӣ  мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гиранд ва ҳунари ороишгарону машшотаҳо равнақ ёбад.

Фестивали мазкур  се бахшро дар бар гирифта, аз ҷониби иштирокчиён ороиш ва мӯйбофии қадимӣ, ҳунари машшотаҳо ва ба ин восита дар доираи расму оинҳои миллӣ- саршӯёну арӯсбаророн, мӯйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, майдабофӣ (кокул, пита, панҷак, силсила, бадахшӣ, пӯпак, зулф ва ҳоказо) бо либосҳои маҳал намоиш дода шуд.
Ҳамзамон дар Фестивал кӯдакони 5-сола, наврасон ва духтарон бо мӯи дарозу қадди мавзун ва чеҳраи миллӣ ҳунарнамоӣ намуданд.

Иштирокчиёни фаъоли Фестивал бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлавтии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали «Чакомаи гесӯ» бо мақсади бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ дар замири занон дар мамлакат баргузор шуда, ҳадаф аз он на танҳо доштани гесӯвони дароз, балки баланд бардоштани завқи бонувон нисбат ба фарҳанги либоспӯшӣ, дур будан аз бегонапарастиву хурофот ва пос доштани арзишҳои миллӣ мебошад.

Апрель 16, 2020 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад