Дар Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҷавобгарии маъмурӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ сабук карда мешавад

Апрель 15, 2020 13:27

ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ, инчунин гурезагону паноҳҷӯён, ки  барои содир кардани ҷазои маъмурӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ, ҳангоми ба таври транзитӣ убур кардан аз қаламрави  мамлакат ва дар ҷои зист айбдор дониста мешаванд, ҷавобгарии маъмурӣ сабук карда мешавад. Дар робита ба ин вакилони Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Хабарнигори АМИТ  «Ховар»  хабар медиҳад, ки масъалаи мазкур зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода  имрӯз  дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, муҳокима шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба вакилони мардумӣ муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода шарҳ дод.

Лоиҳаи зикршуда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

«Лоиҳа бо мақсади ташаккули соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ва таъмини шароити мусоид барои фазои сармоягузорӣ, ки аз паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, пешниҳод гардидааст»,-гуфт Икром Умарзода.

Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида ба моддаҳои 497 ва 499 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Дар моддаи 497, ки дар санксияи он барои  риоя накардани қоидаҳои ворид шудан ба минтақаи сарҳадӣ ё қоидаҳои истиқомат дар минтақаи сарҳадӣ, ҷарима ва берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, қисми 2 илова карда шуд.

Ба гуфтаи муовини Вазири корҳои дохилӣ, тибқи тағйироти воридгардида барои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳолати роия накардани қоидаҳои ворид шудан ба минтақаи сарҳадӣ, инчунин қоидаҳои истиқомат ё аз қайд гузаштан дар минтақаи сарҳадӣ огоҳӣ ё ҷарима муайян карда мешавад.

«Дар қисми 2 барои такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинигардида, ба ғайр аз ҷарима, инчунин берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бидуни он пешбинӣ шудааст»,- зикр шуд дар ҷаласа.

Икром Умарзода афзуд, ки дар моддаи 497-и Кодекси мазкур, ки берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳудуди мамлакат пешбинӣ шуда ва ӯ наметавонад ба муддати 5 сол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шавад, боиси нигаронӣ буда, ҷараёни воридшавии  сайёҳонро ба мамлакат коҳиш медиҳад. Инчунин ин боиси аз хешу табор ҷудо шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандии дар минтақаҳои наздисарҳадии ҷумҳурӣ истиқоматдошта мегардад.

Зикр шуд, ки дар моддаи 499 Кодекси мазкур тағйиру иловаҳо ба он хотир ворид гардидаанд, ки пешбинии риоя нагардидани қоидаҳои буду бош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, инчуни қоидаҳои ба таври транзитӣ убур кардани ҳудуди ҷумҳурӣ ба қисмҳои 1 ва 2 номувофиқанд.

Зеро, — гуфт муовини Вазири корҳои дохилӣ,  дар санксияи қисми 1 берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳудуди Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. «Ҳол он ки тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо роҳи маъмулӣ аз ҳудуди Тоҷикистон ронда шудаанд, ба муддати 5 сол манъ аст»,- афзуд мавсуф.

Ба гуфтаи номбурда, баъзе шаҳрвандони хориҷӣ ба вайрон кардани қоидаҳои буду бош дар ҷумҳурӣ роҳ медиҳанд, ки берун кардани онҳо аз мамлакат ба хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз ҷониби онҳо роҳ дода шудааст, номувофиқ мебошад.

«Ҳамзамон чунин мешуморем, ки ҷаримаи маъмурӣ нафъи асосии ҷазо буда, мумкин аст дар қисми 1 моддаи 499 татбиқ карда шавад. Дар қисми 2 ҳамчун  чораи пурзӯркунӣ ҷазои иловагии берун кардан аз мамлакат ё бидуни он пешбинӣ карда шудааст»,- таъкид гардид дар ҷаласа.

Изҳори итминон карда шуд, ки тағйиру иловаи пешбинишуда ба судҳо имкон медиҳад ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бе пешниҳоди қарор дар бораи берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ, ҷиҳати роҳ надодан ба ҷудошавии оилаҳо, ҳамсарон ва фарзандон баррасӣ намоянд.

Тағйироти мазкур баъди гузариш аз марҳилаҳои болоии қонунгузорӣ дар матбуоти расмӣ нашр шуда, мавриди амал қарор мегирад.

Апрель 15, 2020 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҳмадалӣ Ватанзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия мулоқот намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати парлумони Бундестаг мулоқот доир шуд
Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии муколамаи байнифарҳангӣ дар Боку конфронси байнипарламентӣ доир шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
«ЗАХИРАҲОИ ОБ ВА УСТУВОРИИ ДЕМОГРАФӢ БА МАНФИАТИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе Форуми байналмилалии парламентӣ доир мешавад
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд