Дар як рӯзи даъват 130 нафар ҷавонони Рашт ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
РАШТ, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» бо шукӯҳу шаҳомати хос сурат гирифт. Дар майдони комиссариати ҳарбии ноҳия 130 нафар даъватшавандагон ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд.
Раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Набизода дар ин маъракаи пуршукӯҳ изҳор дошт, ки «ҷавонони ноҳия дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлатамонро ба хубӣ дарк намуда, сиёсати хирадмандонаю созандаашонро дастгирӣ менамоянд. Ҳаёти сарбозии имрӯза аз замонҳои пеш ба куллӣ фарқ мекунад. Имрӯз ҷавонони мо дар қисмҳои низомии мамлакат танҳо ба хотири ҳимояи марзу бум, бақои давлати миллӣ ва пойдории ваҳдату истиқлолияти давлатӣ хизмат мекунанд.
Дар он ҷо ҳама чун фарзандони як модаранд. Дар қисмҳои низомӣ шароити моддию маънавӣ барои сарбозон муҳайёст. Ҷавонони мо набояд фаромӯш кунанд, ки дар кадом қисми низомие, ки хизмат адо менамоянд, бояд дӯстдори ватану сарзамини биҳиштосои худ бошанд. Ба ҳар яки онҳо андарзи падарона медиҳам, ки ҳеҷ гоҳ зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, худшиносу худогоҳ бошанд ва фирефтаи суханҳои нохалафон нашаванд. Зеро танҳо андешаи солим, дӯст доштани ватану миллат ва ҳар зарра хоки Тоҷикистон ҷавононро ба манзили мақсуд мерасонад».
Дар ҳамоиши мазкур ба 65 нафар наваскароне, ки курси ронандагии ҶДММ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, аз ҷониби раиси ноҳияи Рашт шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанг барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин намуд.








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






