Дар як садамаи нақлиётии фоҷиабор дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 8 нафар ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар як садамаи нақлиётии фоҷиабор дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, мутаассифона, 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳодисаи фоҷиабор 25 апрели соли 2020, тахминан соати 12:00 ба амал омадааст. Ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» Манучеҳр Шокиров, соли таваллудаш 1989, сокини Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд, дар километри 245-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанок аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадааст. Ӯ ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Опел-Вектра» таҳти идораи Бахтиёр Хоҷамуродов, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Зафаробод бармехӯрад.
Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» М. Шокиров ва мусофиронаш Бахтиёри Бойназар, соли таваллудаш 1989, Фарҳод Муродов, соли таваллудаш 1990, Далер Пулотов, соли таваллудаш 1994- сокинони шаҳри Гулистон, инчунин ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра» Б. Хоҷамуродов ва мусофиронаш- Қурбон Турдиев, соли таваллудаш 1973, Уммат Сангинов, соли таваллудаш 1962, Алишер Ҳайдаров, соли таваллудаш 1997, сокинони ноҳияи Зафаробод ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса корҳои тафтишӣ идома доранд.








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






