Дар Ӯзбекистон теъдоди шифоёфтагон аз коронавирус ба 859 нафар расид
ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ӯзбекистон шумораи шахсоне, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, ба 859 нафар расид, хабар медиҳад АИ «Кабар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.
Дар клиникаи бисёрсамтаи Академияи тиббии Тошканд дар пойтахт боз 14 нафар ва дар беморхонаи Пажӯҳишгоҳи илмии эпидемиология, микробиология ва бемориҳои сироятӣ 2 нафари дигар шифо ёфтаанд. Баъдан онҳоро ба Маркази махсусгардонидашудаи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ оид ба бемориҳои дарунӣ ва барқарорсозии тиббӣ гузарониданд.
Дар шифохонаи вилоятии бемориҳои сироятии Хоразм низ 33 нафар шифо ёфтаанд.
То ба имрӯз шумораи ҳолатҳои сирояти коронавирус дар кишвари номбурда 1887 нафарро ташкил дода, 859 нафар шифо ёфтаанд ва 8 нафар фавтидаанд.
АКС аз АИ «Кабар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






