Дар Ӯзбекистон теъдоди сироятёфтагони COVID-19 аз 1,6 ҳазор нафар гузашт

Апрель 21, 2020 11:27

ДУШАНБЕ, 21.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ӯзбекистон теъдоди сироятшудагони коронавирус боз 22 нафар зиёд шуда, акнун ба 1,604 нафар расидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.

Дар Ӯзбекистон бори аввал 15 март дар як зане, ки аз Франсия баргашт, бемории COVID-19 –ро  ошкор намуданд. Дар ҷумҳурии Ӯзбекистон  ин нахустин шаҳрванди сироятёфта буд. Рӯзи душанбе шумораи гирифторони коронавирус 1582  нафарро ташкил дод, ки аз ин панҷ нафар фавтида, 261 нафар  шифо ёфтаанд. Шурӯъ аз 1 апрел ҳукуматдорон дар Тошканд ва дигар минтақаҳо низоми хонанишинӣ ҷорӣ  намуданд,  ба шаҳрвандони аз 65-сола боло тарк кардани  хона манъ карда шуда, қариб 90 ҳазор нафарро  бо карантин фаро гирифтаанд. Комиссияи махсуси зидди коронавирус маҳдудиятҳои крантиниро то 10 май тамдид кард.

«Ба ҳолати 20 апрели соли 2020, соати 18.00 дар Ӯзбекистон теъдоди мубталоёни коронавирус аз 1604  нафар иборат мебошад»,- гуфта мешавад дар изҳороти шабакаи барқиявии «Telegram» -и Вазорати тандурустӣ. Рӯзи якшанбе  боз 75 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Акс аз бойгонӣ

Апрель 21, 2020 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон