ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳраки Ғарм 9000 бех ниҳоли мевадиҳандаю ороишӣ шинонданд
РАШТ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолону зиёиён ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Рашт барои бунёди ҷангалзори нав ба доманакӯҳи Мунданули болои шаҳраки Ғарм баромада, беш аз 9000 бех ниҳоли мевадиҳандаю ороишӣ ва сояафкан шинонданд.
Тибқи иттилои сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт Абдулазиз Қаландаров, дар доманакӯҳи Мунданули шаҳраки Ғарм соли гузашта дар 6 гектар 720 бех ниҳоли мевадиҳанда ва дар 10 гектар 1020 бех ниҳоли сояафкан шинонида шуда буд.
Имсол бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки васеи сокинони ноҳия дар ҳашарҳои дарахтшинонӣ дар ин мавзеъ дар 7 гектар 6450 бех ниҳоли мевадиҳандаи зардолу, чормағз, хуч, дар 4 гектар 4200 бех ниҳоли сояафкан ва 100 бех ниҳоли ороишӣ шинонида шуд.
Дар ҳудуди ноҳияи Рашт 1750 гектар ҷангалзор ва 1 гектар ниҳолхона мавҷуд аст. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра 20 гектар ҷангалзори нав бунёд шуда, 60 гектар ҷангалзори кӯҳна барқарор мегардад.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






