«Дониш, илм ва фановарӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир» — конференсияи ҷумҳуриявӣ дар Вазорати маориф ва илм
ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Неруҳои зеҳнӣ», «Монандӣ ва муқоисаи моделҳои воқеии дунёи тағйирёбанда», «Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ-асоси саноатисозии босуръати мамлакат», «Омилҳои асосии донишандӯзии хонандагон ва ҷаҳони муосир» ва «Протоколи клиникии ташхис ва табобати сирояти коронавирусӣ дар кӯдакон»-дар ин мавзӯъҳо аз ҷониби сардорони раёсат ва масъулини соҳаи маориф дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Дониш, илм ва фановарӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир» маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд. Конференсияи мазкур дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф 14 апрел бахшида ба Рӯзи илми тоҷик доир шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар конференсия Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода зикр кард, ки татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва инноватсия тибқи талаботи ҷаҳони муосир ва иқтисодиёти миллии мамлакат ба роҳ монда шуда, таъмини соҳаҳои иқтисоду иҷтимоии ҷумҳурӣ бо кадрҳои илмӣ, пайванди натиҷаҳои илм бо истеҳсолот, ҳамоҳангсозии корҳои навовариву ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ ва дастгирии неруи илмии таҳқиқотчиён самти афзалиятнок дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ дониста шудааст.
Зикр шуд, ки эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», идомаи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», табдили Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи корҳоеанд, ки минбаъд идома меёбанд ва дар пешрафти илму фановарӣ дастури саривақтӣ мебошанд.
Конфронси мазкур бо ибтикори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар он зикр гардид, ки масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, мавзӯи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ мебошад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва талошҳои рӯзафзунашон имконият фароҳам овард, ки давоми чанд соли охир як зумра мушкилоти соҳаи илму маориф роҳи ҳалли худро пайдо намуда, заминаи муҳиме барои пешрафти соҳа гардад.
Дар хатми конфронс ба як гурӯҳ кормандони дастгоҳи марказии вазорат, муовинони ректор оид ба илм ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат барои саҳми арзанда дар рушди илми тоҷик ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм, Федератсияи иттифоқҳои касаба ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм тақдим гардиданд.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






