ДОРУХОНАИ ТАБИӢ – ЗЕРИ ОСМОНИ КУШОД. Оид ба хусусиятҳои фармакологии 200 навъ гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон маълумоти илмӣ ба даст омад

Апрель 23, 2020 15:03

ДУШАНБЕ, 23.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни эҷодкор, олимон ва муҳаққиқон, ки 18 март баргузор гардид, Сарвари давлат ба масъалаи омӯзиши гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи дорусозӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Воқеан, табиати беназири Тоҷикистон дорухонаи табииеро мемонад, ки зери осмони кушод ҷойгир мебошад. Мутаассифона, то ҳанӯз захираҳои гиёҳҳои шифобахш бештар дар тибби мардумӣ ва дар шакли банду басти аввалин мавриди истифода қарор доранду халос.
Дар ин бора мулоҳизаҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонгро манзури хонандагон менамоем.

Яке аз вазифаҳои муҳими олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омӯзиши таркиби биохимиявӣ ва хусусиятҳои фармакологии гиёҳҳои шифобахши мамлакат ба ҳисоб меравад. Алҳол аз ҷониби олимони соҳаи ботаника оид ба хусусиятҳои фармакологии 200 намуди гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон маълумоти пурраи илмӣ гирд оварда шудааст, ки барои гузаронидани таҳқиқоти минбаъда дар соҳаи фармакология заминаи мусоид фароҳам меоварад. Муттаҳид гардонидани неруи илмии Академияи илмҳои тиб ба Академияи миллии илмҳо ба рушди соҳаи дорусозӣ мусоидат хоҳад намуд.

Истифодаи оқилонаи захираҳои гиёҳҳои шифобахш тақозо менамояд, ки олимон дар оянда роҳҳои интродуксия ва парвариши мадании онҳоро таҳия намоянд.

ДАР АКС: олимон Абдусаттор Саидов, Ҳикмат Ҳисориев ва Оғоназар Ақназаров.

Муҳтавои суханронии Президенти ҷумҳурӣ, бешубҳа, аз рушди босуръати илм ва техника дар асри XXI бармеояд ва барои пешрафти ояндаи ҷомеаи имрӯзаи мо зарур аст, ки таваҷҷуҳи аҳли илм ба ин масъалаи ҳаётан муҳим бештар гардад. Дастуру супоришҳои Пешвои миллатро метавон барномаи дурнамои рушди илм ва маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда арзёбӣ намуд.

Пешвои миллат таваҷҷуҳи олимонро ба татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолоти ватанӣ равона намуданд. Ин таъкид олимони табиатшиноси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро водор месозад, ки минбаъд таҳқиқоти илмиро ба соҳаи инноватсия, ки илмро ба истеҳсолот мепайвандад, равона намоянд.

Дар робита ба амалисозии яке аз  ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ як силсила таҳқиқоти илмии олимони табиатшиноси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳалли ин масъалаи барои ҷумҳурӣ ҳаётан муҳим равона гардидааст.

Ҳоло дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо ва Институти биологии «Помир» ба номи Х. Юсуфбекови АМИТ  коллексияи бойи навъ ва шаклҳои зироати ғалладонагӣ, лубиёгӣ, картошка, хӯроки чорво ва дарахтони мевадиҳанда гирд оварда шудааст. Ин навъу шаклҳо маводи пурқимати селексионӣ ба шумор рафта, бо истифода аз усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосир аз онҳо навъҳои нави ба шароити минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мутобиқ ва дорои аломатҳои аз ҷиҳати  хоҷагидорӣ бартарӣ доштаи зироат ва дарахтони мевадиҳандаро ба вуҷуд овардан мумкин аст. Солҳои охир аз ҷониби олимон-селексионерҳои Академия якчанд навъҳои нави картошка, аз қабили «Тоҷикистон», «Файзобод», «Нилуфар», «Академияи илмҳо-1», «Рашт» ва «Дӯстӣ» ба вуҷуд оварда шудаанд, ки ба шароити хоку иқлими диёр мутобиқ мебошанд. Масалан, навъи «Тоҷикистон» аз 1 га 300-400 сентнер ҳосил медиҳад. Ин навъ алҳол дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар майдони беш аз 5000 га кишт карда мешавад.

Солҳои охир дар таҳқиқоти илмии олимони соҳаи биологияи АМИТ омӯзиши захираҳои генетикӣ мавқеи хоссаро ишғол менамояд. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи генетикӣ ба шумор рафта, тӯли ҳазорсолаҳо зимни селексияи мардумӣ дар қаламрави мамлакатамон навъҳои беҳтарини зироати ғалладонагӣ ва дарахтони мевадиҳанда ба вуҷуд оварда шудааст. Нигоҳдории ин навъҳои маҳаллии нодир ва истифодаи онҳо ба сифати маводи селексионӣ барои ба вуҷуд овардани навъҳои нав аҳамияти калони амалӣ дорад. Дар замоне, ки тухмии навъҳои гуногуни зироат аз хориҷи мамлакат ворид мешавад ва дар шароити хоку иқлими Тоҷикистон ҳосили дилхоҳ намедиҳад, таҳқиқот дар соҳаи генетика ва селексия аҳамияти бештар пайдо мекунад.

Зимни суханронии худ дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО вобаста ба тағйирёбии иқлим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи глобалӣ ҷалб намуда, таъкид намуданд, ки тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он  яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб мераванд.

Дар маърӯзаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди шарикони рушд оид ба зарурати мониторинги мунтазами захираҳои обӣ, бахусус пиряхҳо, истифодаи васеи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, ки барои рушди иқтисоди  «сабз» заминаи мусоид мегузорад ва бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо масъалагузорӣ карда шуд.

Экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон ба таъсири тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошанд ва арзёбии ҳолати онҳо вобаста ба раванди афзояндаи тағйирёбии глобалии иқлим яке аз самтҳои афзалиятноки таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ба ҳисоб меравад. Табиист, ки тағйирёбии иқлим сабаби дигаргуншавии нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдории олами набототу ҳайвонот ва захираҳои табиӣ мегардад.

Вобаста ба ин, олимони Академияи миллии илмҳо вазифадоранд, ки дар оянда корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар самти омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ тақвият бахшанд.

Нуқтаи муҳими таъкиди Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли зиё ва олимон ташаккули тафаккури техникии ҷомеа, алалхусус ҷалби бештари истеъдодҳои ҷавон ба илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ ба шумор меравад. Ҳалли ин масъала имконият медиҳад, ки тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷомеа рушд намояд ва барои татбиқи технологияҳои муосир дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.

Дар суханронии Пешвои миллат бо масъалаҳои тақвият бахшидани неруи илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ аҳамияти хосса зоҳир карда шуд. Феълан дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 24 институти илмӣ-таҳқиқотӣ ва марказҳои илмӣ фаъолият мекунанд, аммо неруи илмии Академияи миллии илмҳо барои дар сатҳи муосир анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ кифоя нест. Илова ба ин, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор аст, ки барои муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мутахассисони баландихтисоси соҳибунвон омода намояд. Дар шароити зиёд гардидани теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мамлакат ин масъала муҳимияти бештар пайдо мекунад.

Вобаста ба ин Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар оянда неру ва иқтидори худро  барои ҷалби бештари мутахассисон ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тавассути фаро гирифтани таҳсил дар магистратура, докторантура PhD ва докторантура равона хоҳад намуд.

Аз ин лиҳоз мо, олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон итминони комил дорем, ки дастуру супоришҳое, ки аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, барои олимон фазои мусоидро ҷиҳати рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ фароҳам меоваранд ва неруи илмӣ ба рушди босуръати иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат равона карда мешавад.

Абдусаттор САИДОВ,
ноиби президенти Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ

Ҳикмат ҲИСОРИЕВ,
 академики АМИТ

Оғоназар Ақназаров,
академики АМИТ

ДАР АКС: БОҒИ ИРАМ (Боғи ботаники АМИТ). Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар».

Апрель 23, 2020 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали мӯд баргузор гардид
«ДИЛНАВИШТА». Таҳти чунин унвон маҳфили эҷодии Ибодулло Машраб баргузор гардид
«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд