Духтури бемориҳои сироятӣ хусусиятҳои хосу ғалатии коронавирусро номбар кард
ДУШАНБЕ, 20.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пандемияи коронавирус барои инсоният як чизи тамоман нав аст, чунки COVID-19 ба организми инсон таъсири нофаҳмои ғалатӣ дорад. Дар ин бора мудири шуъбаи бемориҳои сироятии Донишкадаи такмили ихтисоси (АФТБ) Владимир Никифоров иттилоъ додааст, хабар медиҳад «Известия».
Аз рӯи гуфтаҳои ӯ, коронавирус ба қонунҳои анъанавии бемориҳои зуком ва шамолхӯрӣ мутобиқат намекунад. Масалан, аз ҳолати саломатии беморон тағйироти дар шуш ба амал омадаро пайхас кардан душвор аст, яъне аҳволи онҳо ба дардашон мувофиқ нест.
Никифоров 19 апрел дар шабакаи телевизионии «Россия 1» чунин гуфт: «Аз рӯи ташхиси компютерии шуш чунин бемор бояд аллакай бо ҳолати вазнин дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дошта бошад, вале баръакси ин, ӯ худро хуб ҳис мекунад».
Ҳамзамон мутахассис зикр кард, ки чунин ҳолат дер давом нахоҳад кард, пасон, ҳоли ӯ якбора тағйир ёфта, ҳатто метавонад бо фоҷиа анҷом пазирад».
Чизи аҷиби дигари ин беморӣ он аст, ки ошкор кардани илтиҳоби шуш ғайриимкон мегардад. Ӯ таъкид сохт, ки бо коронавирус он дар рентген намоён намешавад.
«Мо бо як чизи тамоман нав дучор гаштем. Ман намегӯям, ки ин ваҳшат аст, вале ҳар чизи нофаҳмо даҳшат тавлид месозад», — илова намуд Никифоров.
17 апрел иммунолог аз Франсия, профессор Жан-Лоран Казанова омилҳои «нофаҳмо» -и сар задани ҳолатҳои вазнини COVID-19-ро номбар намуд. Ба қавли ӯ, шаклҳои шадиди коронавирус дар ҷавонон ба ирсияти онҳо вобаста аст. Яъне саломатии волидайн ё авлоди гузашта дар худ заъфе доштаанд ва ин таъсири худро ба наслҳои оянда низ гузоштааст.
АКС: TASS/Zuma








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






