ЭҲТИЁТ! Коронавирус метавонад дар ҳудуди чор метр ба каси дигар гузарад
ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Коронавируси нав метавонад дар ҳудуди чор метр аз як нафар ба нафари дигар гузарад. Тавре ТАСС хабар медиҳад, рӯзи сешанба мудири кафедраи эпидемиология ва тибби собиткунандаи Донишгоҳи якуми тиббии Москва ба номи И. М. Сеченов, табиби мустақили Вазорати тандурустӣ Николай Брико чунин изҳор дошт.
«Мутахассисони CDC (Марказҳо оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо дар ИМА) барои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ тадқиқот гузаронда, муайян намуданд, ки вирус то масофаи чор метр имкони ба каси дигар гузаштан дорад»,- гуфт ӯ дар мусоҳиба бо шабаки телевизионии «Россия-24».
Брико ёдрас намуд, ки бо вуҷуди эҳтимолияти паҳншавии вирус то чаҳор метр риоя намудани масофаи ду метри иҷтимоӣ метавонад дар ин маврид чораи муассир бошад. «Ман фикр мекунам, ки эҳтимоли интиқоли вирус маҳз ба ҳамин ду метри номбаркарда рост меояд ва риояи он натиҷаи пурсамар ба бор меорад»,- афзуд ӯ.
АКС аз Валерий Шарифулин/ТАСС








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






