Эмомалӣ Раҳмон: «Аъзои Маҷлиси миллӣ соҳиби донишу таҷрибаи кофӣ ва фарҳанги баланди сиёсӣ мебошанд»

Апрель 17, 2020 16:34

ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои Маҷлиси миллии даъвати нав шахсиятҳои арзанда, соҳиби донишу таҷрибаи кофӣ ва фарҳанги баланди сиёсӣ мебошанд. Ин нукта зимни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз  дар шаҳри Душанбе доир гардид, садо дод. Пешвои миллат афзуданд, ки Маҷлиси миллӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат бо истифода аз салоҳияти конститутсионии худ қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карда, дар роҳи рушди низоми ҳуқуқии давлат  ва таҳкими қонуният саҳми назаррас мегузорад. «Бовар дорам, ки онҳо бо сафарбар намудани неруи зеҳнӣ ва донишу таҷрибаи худ дар рушди низоми қонунгузорӣ, боз ҳам беҳтар намудани сифати қонунҳо, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлат ва ҷомеа нақши назаррас мебозанд. Бахусус мехоҳам таъкид намоям, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бояд бо истифода аз ваколати конститутсионии худ ҳамчун субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ ба таҳияи қонунҳо диққати махсус зоҳир намоянд»,  изҳор доштанд Пешвои миллат.

Сарвари давлат  бо дахли мақоми аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат — Маҷлиси миллӣ дар таҳкими волоияти қонун ва парламентаризм зикр карданд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бояд қонунҳоеро таҳия ва пешниҳод намоянд, ки ба таҳкими истиқлолият, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва густариши муносибатҳои бозорӣ, аз ҷумла пешрафти соҳибкорӣ, беҳдошти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шуда бошанд. Бо ин мақсад, аъзои Маҷлиси миллӣ бояд бо дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва мутахассисону коршиносон ҳамкории густурда дошта бошанд. Қонунҳо дар чунин сурат санҷидаву пухта таҳия ва қабул гардида, ба ҷомеа ва давлат манфиати бештар меоранд. Қонунҳо ҳамчунин бояд бо дарназардошти стратегияву барномаҳо ва ҳадафҳои ояндаи рушди давлати миллӣ, пайванди ногусастании он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия карда шаванд, таъкид карданд  Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд зикр кард, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир гардид, ки дар он Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раҷаббой  Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов муовини аввал ва муовини Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб гардиданд.

Апрель 17, 2020 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд