Филми «Рақси зиндагӣ»: Туҳфаи баҳорӣ барои тамошо бо аҳли хонавода
ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст, ки аз 10 то 30 апрел, ҳар рӯз дар ду вақт: соатҳои 13:00 ва 17:00 баҳри болидарӯҳии сокинони пойтахт дар Кинотеатри «Ватан»-и пойтахт силсиланамоиши филми «Рақси зиндагӣ»-ро ба роҳ монад.
Махсусияти филми «Рақси зиндагӣ» ин аст, ки онро метавон ҳамроҳ бо аҳли хонавода тамошо кард. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бори дуюм аст, ки бо дархост ва талаби дӯстдорони кино филми «Рақси зиндагӣ» рӯйи пардаи кино меояд. Филми мазкур моҳи июни соли гузашта дар кинотеатрҳо намоиш дода шуд. Инчунин ба воситаи раёсатҳои “Тоҷикфилм” дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пешниҳоди дӯстдорони кино гардид.
Муҳтавои филм дар бораи духтару писаре нақл мекунад, ки як садамаи ногаҳонӣ онҳоро дилбохтаи ҳам мекунад. Ба рағми ҳама монеа ва фишорҳо аз ду макон- шаҳр ва деҳа онҳо фазои ишқу муҳаббат месозанд. Зимни тамошои филм дар зеҳн саволе тавлид мешавад, ки оё онҳо то охир бо ҳам содиқ ва хушбахт мемонанд ё не?
Ҳунармандони машҳур, аз ҷумла, Аловуддин Абдуллоев, Тоҷиниссо Саидова, Мастура Ортиқзода, Абдукарим Машрабов ва дигарон дар филми «Рақси зиндагӣ» нақшҳои хотирмон иҷро намудаанд.
Филми «Рақси зиндагӣ» истеҳсоли Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” буда, коргардони он Муҳаббат Сатторӣ мебошад.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






