Генри Киссинджер: пандемияи коронавирус тартиботи ҷаҳонро абадан тағйир медиҳад

Апрель 8, 2020 10:26

ДУШАНБЕ, 08.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ Котиби давлатии ИМА ва мушовири амнияти миллӣ Генри Киссинҷер мӯътақид аст, ки пандемияи коронавирус тартиботи ҷаҳонро  абадан тағйир хоҳад дод. Тарҷумаи мақолаи ӯро барои «The Wall Street Journal» портали «inopressa.ru» нашр намудааст.           

«Кишварҳо ба шарофати эътиқод, ки институтҳои онҳо метавонанд офатҳоро пешгирӣ кунанд, оқибатҳои онро коҳиш диҳанд ва суботро барқарор намоянд, муттаҳид ва шукуфон мешаванд. Вақте ки пандемияи COVID-19 ба итмом мерасад, институтҳо дар бисёр мамлакатҳо чун ниҳодҳои ба нокомӣ дучоршуда қабул мешаванд. Воқеият ин аст, ки пас аз коронавирус дунё дигар ҳеҷ гоҳ ба шакли аввала барнамегардад»,- менависад сиёсатмадор. Ба ақидаи ӯ, талошҳои зиддибуҳронӣ, новобаста аз он ки миқёси беандоза ва зарурӣ доранд, набояд вазифаи таъҷилии барқарорсозӣ барои гузаштан ба тартиботи пас аз коронавирусро иваз кунанд.

«Гарчанде ки  ҳамла ба саломатии инсон муваққатӣ бошад ҳам, аммо фалокатҳои сиёсиву иқтисодӣ тӯли якчанд муддат метавонанд идома ёбанд. Ягон давлат, ҳатто Иёлоти Муттаҳида наметавонад вирусро танҳо тавассути кӯшишҳои миллӣ мағлуб кунад. Ҳалли вазифаҳои дар айни замон зарурӣ бояд ниҳоят бо биниши муштараки глобалӣ ва барномаи муштарак сурат гирад. Агар мо натавонем ҳардуи ин корро дар якҷоягӣ амалӣ намоем, мо ба тарзҳои бадтарини ҳар як банд дучор мешавем»,-гуфт собиқ Котиби давлатии ИМА.

Ба гуфтаи Генри Киссинҷер, ихтисори иқтисодиёт, ки дар натиҷаи коронавирус ба вуҷуд омадааст, бо суръат ва миқёси ҷаҳонии худ дар таърих ҳамто надорад. Ва чораҳои зарурии иҷтимоии тандурустӣ, ба монанди фосилагирии иҷтимоӣ, бастани мактабҳо ва корхонаҳо зарари иқтисодиро шадидтар мекунанд.

«Ҳоло мо дар як давраи ноором зиндагӣ мекунем. Вазифаи таърихии сарварон -мубориза бо буҳрон ва дар баробари он сохтани оянда низ мебошад. Ноқобилӣ  дар ин ҳолат метавонад ҷаҳонро ба коми оташ барад»- хулоса мекунад Генри Киссинҷер.

Апрель 8, 2020 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон