Гулрӯ Ҷабборзода ва Ясмин Гуедар масъалаи фарогирии ҷавонон бо касбҳои муосирро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар мулоқот намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот Гулрӯ Ҷабборзода вазъияти бар асари хуруҷи Covid-19 дар ҷаҳон бавуҷудомадаро шарҳ дода, ба Сафир бинобар сироятёбӣ ва фавти шаҳрвандони Франсия бар асари ин беморӣ изҳори таслият намуд.
Ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориро дар самтҳои мавриди эҳтироми тарафайн мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин масъалаҳои бокортаъминкунӣ ва фарогирии ҷавонон бо касбҳои муосир, омода намудани мутахассисони баландихтисос бо назардошти талаботи бозори меҳнати байналмилалӣ мавриди гуфтушунид қарор гирифтанд.
Аз ҷониби хонум Ясмин Гуедар барои омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи ғании Франсия дар самтҳои дахлдор даъват ба амал оварда шуд.
Дар интиҳо роҷеъ ба нақшаҳои минбаъда ва роҳандозии ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ табодули назар сурат гирифт.








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






