Хатлон дар маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолнокӣ нишон медиҳад
ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз дар вилояти Хатлон маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бомаром идома дошта, бо ин мақсад аз ҷониби масъулин бо волидайни ҷавонписарони синашон ба хизмат расида, вохӯрию суҳбатҳои муфид анҷом дода мешавад. Гузаронидани корҳои тарғиботӣ натиҷаи хуб ба бор оварда, дар як зумра шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла, дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Данғара, Ш.Шоҳин, Ховалинг, Н.Хусрав сафи ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳозиршуда, меафзояд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Орифи Нозимиён ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Маъракаи навбатии даъвати наваскарон дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ самарабахш ба роҳ монда шуда, шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Лахш, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Нуробод дар ин ҷода пешсафанд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввали даъват натиҷаҳои назаррас нишон дод.
«Айни замон ин маъракаи муҳими низомӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад ва ҷавонони синни хизматӣ ҳамарӯза ба комиссариатҳои ҳарбии минтақаи хеш ҳозир шуда, омодагии худро баҳри хизмат ба халқу Ватан ва якпорчагии Тоҷикистон иброз медоранд»,- гуфт Орифи Нозимиён.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли равон даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид.
АКС аз бойгонӣ








Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид






