«Худро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед!»-таҳти ин унвон дар Хуҷанд аксия доир гардид

Апрель 6, 2020 17:14

ДУШАНБЕ, 06.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони Регистони бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД-и вилояти Суғд таҳти унвони «Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед» аксия доир гардид.

Тавре аз Маркази иттилоот ва таҳлили КИ ҲХДТдар шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ташкилкунандагони ин ҳамоиш зимни тақсимоти варақаҳо ба сокинон ҳушдор медоданд, ки ба хотири ҷилавгирии сироятёбӣ аз коронавирус онҳо бояд бештар худро аз издиҳом канора гиранд, ҳамчунин ба рӯй кашидани ниқоби ҳимоятӣ, сари вақт бо оби гарм ва собун шустани дастон ва дигар корҳои тозагиро риоя намоянд.  Таъкид шуд, ки барои баланд бардоштани масуният (иммунитет) ҳарчи бештар истеъмол намудани ғизоҳо ва алалхусус, сабзавоту меваҷот, пиёз ва сирпиёз (чеснок) ҳамчун фитонсид мувофиқи мақсад аст.

Ҳамчунин аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба овозаҳои сироятёбии сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов  ба ин беморӣ бовар накунанд. Зеро бино ба иттилои сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода, дар вилоят ягон бемори сироятшуда бо ташхиси коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.  Пурзӯр намудани назорати сокинон, дар маҳаллаю кӯчаҳо бо худ доштани ниқоби ҳимоятӣ танҳо чораи худро эҳтиёт кардан аст.

Маълумот дода шуд, ки бемории сироятии коронавирус имрӯз ба ҳаёти сокинони сайёра, хосса давлатҳои Аврупо ва Америка  хисороти беш оварда, бинобар риоя накардани чораҳои пешгирӣ сироятёбӣ авҷ гирифта истодааст.

Апрель 6, 2020 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд