ХУШХАБАР! Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин театрҳои ИДМ шомил гардид

Апрель 17, 2020 10:53

ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи «ТурСтат» дар  сомонаҳои театрӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ раддабандии  беҳтарин театрҳои  операвии  ИДМ-ро аз ҷиҳати маъруфияти тамошобин  ва пахши  онлайнӣ  пешниҳод намуд. Дар ин раддабандӣ Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе  ба  даҳгонаи беҳтарин театрҳои операи ИДМ шомил гардидааст.

Раддабандӣ бахшида ба  Рӯзи байналмилалии фарҳанг, ки 15 апрел, ба  муносибати қабули паймони Рерих  «Оид ба ҳимояи муассисаҳои бадеӣ,  илмӣ ва ёдгориҳои таърихӣ»  дар соли   1935 қабул гардидааст, мураттаб сохта шудааст.

Беҳтарин  даҳгонаи театрҳои операи ИДМ инҳоянд: Театри давлатии академии бузурги Россия дар Москва,  Театри калони Беларус дар Минск,  Театри давлатии академии опера ва балети  ба номи Абай дар Алмаато,  Театри давлатии опера ва балети  «Астана Опера»  дар Нурсултон, Театри давлатии академии  опера ва балети ба номи  А.Охундов дар Боку,   Театри академии опера ва балети ба номи А. Спендиарови Арманистон дар Ереван,  Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоӣ дар Тошканд,   Театри миллии опера ва балети ҷумҳурии Молдова  ба номи Мария  Биеш  дар Кишинёв,   Театри миллии академии ордени Лениндори  опера ва балети ба номи  Абдилас Малдбаев дар Бишкек,    Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе .

Раддабандӣ дар асоси тадқиқоти шӯҳратёрии  театрҳо ва намоишҳои онлайнӣ  сурат гирифтааст.

Апрель 17, 2020 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд