Иқдоми наҷиб дар Исфара: Соҳибкор Икромиддин Шарипов 1,2 км роҳи маҳаллиро мумфарш менамояд
ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокини шаҳри Исфара, соҳибкори маҳаллӣ Икромиддин Шарипов тасмим гирифт, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 км роҳи кӯчаҳои Додохон Шарипов ва Садриддин Айниро ба маблағи 750 ҳазор сомонӣ мумфарш намояд. Дар расми мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ дар шаҳри Исфара Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раиси вилоят зимни иштирок дар оғози корҳои мумфаршкунӣ бо ёдоварӣ аз густариши бунёдкорию созандагӣ дар вилоят саҳми соҳибкоронро дар ободонии маҳал назаррас арзёбӣ кард.
“Ташаббуси соҳибкороне, чун Икромиддин Шарипов шоистаи пайравӣ аст ва ҳар фарди ватандӯст бояд ба қадри имкон дар ободонии як гӯшаи диёр саҳм гузорад,-гуфт раиси вилоят.
Ёдовар бояд шуд, ки корҳои мумфаршкунӣ аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳри Исфара анҷом дода мешаванд.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






