Иҷозатномаи ҶСДММ «Спитамен Суғурта» барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ аз нав ба расмият дароварда шуд

Апрель 8, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 08.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иҷозатномаи Ҷамъияти суғуртавии дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен Суғурта» барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ба муҳлати то 5 сол аз нав ба расмият дароварда шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ “Ховар” ба БМТ иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, ки раёсати БМТ  қарори мазкурро  6 апрели соли равон  дар асоси моддаҳои 6, 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва бобҳои 11, 54 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 тасдиқ шудааст,  ба тасвиб расонид.

Мутобиқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶСДМ “Спитамен Суғурта”  аз 7 апрели соли 2015 аз эътибор соқит дониста шуда, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардидааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдор ворид намояд.

Апрель 8, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст