Иброҳим Мирзозода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ризоияти Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода раиси нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе интихоб гардид.
Ин нукта 7 апрели соли 2020 зимни баргузории Маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, ки таҳти раёсати муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ баргузор шуд, таъкид гардид.
Абдуҷаббор Азизӣ масъалаҳои рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин муаррифӣ ва баъдан номзадии раиси навро пешниҳод намуда, шарҳи мухтасари ҳоли ӯро бозгӯӣ кард.
Аъзои Кумита номзадии Иброҳим Мирзозодаро ҷиҳати ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб интихоб шудан ҷонибдорӣ намуда, Зоир Раҳмонзодаро бинобар вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудан аз вазифаи раиси Кумита озод намуданд.
Дар музокира аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Гавҳар Шарофзода ва Зоир Раҳмонзода баромад намуда, аз фаъолияти чашмраси раиси нави Кумита дар сохторҳои гуногун ёдовар шуда, ба корҳои минбаъдааш барору комёбиҳо орзу карданд.
Ҳамзамон Абдусалом Мирализода ва Зоир Раҳмонзода бино бар сабаби ба кори дигар гузаштан аз узвияти Раёсат ва Маҷлиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бозхонд шуда, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Иброҳим Мирзозода ва директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумъахон Файзализода ба ҷойи онҳо ба узвияти Раёсат ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб интихоб шуданд.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ атрофи масоили дохилиҳизбӣ, пардохти ҳаққи узвият, ҷалби шахсони сазовор ба узвияти ҳизб, ҷоннок намудани корҳои таблиғотӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, вокуниш нишон додан ба ҳангомаҳои муғризона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрам сухан гуфт.
Ҳамин тариқ, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишаванда қарорҳои дахлдор қабул кард.








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






