IRS: Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ таъмин аст
ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо вуҷуди пуршиддат ва давомдор будани бориши барф ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ таъмин аст. Баробари шурӯъ шудани бориш техникаҳо сафарбар шуда, кормандони филиали Ширкат мунтазам роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд, то барои ҳаракати мошинҳо дар ин роҳ ягон чиз монеъ нагардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.
Бино ба иттилои мавсуф, дар ин рӯзҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки қисмати зиёди он аз минтақаи кӯҳистон мегузарад, хавфи фаромадани сангпораҳо, омадани сел, лағжиши тарма ва кӯҳпора вуҷуд дорад. Ронандагон бояд аз эҳтиёт кор бигиранду эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.
Дар ҳамин замина кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҷиҳати ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаҳои селшустаи роҳ, соҳилбандӣ ва дигар корҳои вобаста ба ин раванд тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Филиали Ширкат баҳри нигоҳдории роҳ қувваи кофӣ дошта, пойгоҳи техникиаш аз 210 техникаву механизм иборат аст.
Баробари расидани иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






