IRS: баландии барф дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба 15 см расид, ҳангоми ҳаракат дар он эҳтиёт бошед!
ДУШАНБЕ, 01.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз субҳи имрӯз дар роҳи мошингарди Душанбе—Чаноқ — аз километри 57 то 84 бориши барф шурӯъ гашта, баландии он ба 15 сантиметр расидааст. Кормандони «IRS», ки дар ҳама ҳолат омодагии ҷиддӣ доранд, роҳро аз барф тоза карда, бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд. Дар ин робита аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чаноқ эҳтиёткору дақиқназар бошанд ва дар сурати ба мушкил мувоҷеҳ шудан тавассути шумораи телефони 487011020 бо кормандони ширкат тамос гиранд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Файзалӣ Ниёз сардори маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.
Айни замон роҳ кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт пурра таъмин аст. Рӯзҳои охир дар ҷумҳурӣ бориши шиддатноки борон ба мушоҳида мерасад, ки дар натиҷа офатҳои табиӣ ба вуқӯъ пайваста, сабаби расидани хисороти ҷиддӣ ба соҳаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла, роҳҳои мошингард мегардад.
Дар ин рӯзҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки қисмати зиёди он аз минтақаи кӯҳистон мегузарад, хавфи фаромадани сангпораҳо, омадани сел, лағжиши тарма ва кӯҳпора вуҷуд дорад. Ду рӯз қабл дар километри 45-уми ин роҳ лағжиши кӯҳпораи азим ба амал омад, ки хушбахтона, талафот надошт. Кормандону техникаҳои пуриқтидори «IRS» фавран ба макони ҳодиса сафарбар шуда, дар муддати кӯтоҳ ин офати табииро бартараф карданд.
Далери Абдулло изҳор дошт, ки тибқи огоҳии сохторҳои марбута, чунин вазъи номусоиди ҳаво дар қаламрави мамлакат чанд рӯзи дигар боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, давоми ин рӯзҳо дар роҳи Душанбе – Чаноқ хавфи омадани сел ва лағжиши кӯҳпора зиёд аст. Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҷиҳати ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаҳои селшустаи роҳ, соҳилбандӣ ва дигар корҳои вобаста ба ин раванд тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Филиали Ширкат баҳри нигоҳдории роҳ қувваи кофӣ дошта, пойгоҳи техникиаш аз 210 техникаву механизм иборат аст.








Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд






