Ишкошим: даври аввали Фестивал-озмуни ансамблҳои тарона ва рақси «Таронаи ваҳдат» ҷамъбаст гардид

Апрель 13, 2020 10:03

ДУШАНБЕ, 13.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври аввали Фестивал-озмуни ансамблҳои тарона ва рақс таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» дар сатҳи баланд баргузор ва ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Иштирокдорони озмун зимни сароидани сурудҳо дар васфи Ватан, модар, Истиқлолият, ишқу муҳаббат ва пешниҳоди рақсҳои ҷолиб маҳорати волои хешро намоиш доданд. Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон, фестивал – озмуни мазкур дар ноҳия як зумра чеҳраҳои нави саҳнавӣ дарёфт намуд.

Дар даври аввали Фестивал-озмуни ансамблҳои тарона ва рақс таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» Рашоди Сарфароз ва Гулбегими Саломатшо аз Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров, Сайёди Саломатшо ва Нигораи Сафар аз Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ, Амина Шарипова ва Гулзода Бандашоева аз Ҷамоати деҳоти Шитхаврв, Меҳрубони Марҳамбек ва Ромиши Қубодбек аз Ҷамоати деҳоти Птуп,  Сироҷиддини Мамадазиз, Карашма Султонмамадова, Давлатмамад Вазирбеков, Маҳҷабини Саидқосим аз Ҷамоати деҳоти Зонг ва Аҳком Рашидбеков аз Ҷамоати деҳоти Вранг ғолиб дониста шуданд.

Дар хатми Фестивал-озмуни ансамблҳои тарона ва рақс намоиши либосҳои миллии дастаи ҳаваскорони деҳаи Вранг пешниҳоди ҳайати ҳакамон гардид.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 «Дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ» таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақсро ба роҳ мондааст.

Тавре сармутахассиси Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Иброҳимзода иттилоъ дод, баҳри сазовор ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ соли 2020 дар мамлакат Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» дар ду давр баргузор карда мешавад.

Вазорати фарҳанг барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни мазкур  ва Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс даври якуми онро моҳҳои март- май дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир менамояд. Даври дуюми он моҳи июни соли 2020 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор  мешавад.

Мавриди зикр аст, ки  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон «Мамнуъгоҳи таърихиву бостонии Саразм» эълон гардид. 31 июли соли 2010 ёдгории Саразм дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор гардид, ба феҳристи «Мероси фарҳанги умумибашарӣ» шомил шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2018 дар мулоқоти худ бо аҳли зиёи мамлакат дар шаҳри Душанбе  бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод намуданд, ки соли 2020 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.

Апрель 13, 2020 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид