Ишкошим: нақшаи даъвати баҳорӣ 100 фоиз ва сари вақт ба иҷро расид

Апрель 2, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъвати баҳориро 100 фоиз  ба иҷро расонид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

1  апрел тибқи даъват ба хизмати ҳарбӣ ҷавонони ноҳияи Ишкошим, ки синнашон ба хизмат расидааст, дар фазои идона ба хизмати Модар-Ватан гусел гардиданд.

Дар рӯзи гусели даъватшудагон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки дар он раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода ҳамаи даъватшудагонро сидқан табрик намуда, пеш аз ҳама, ба ҳар яки онҳо сиҳатмандӣ ва дар ифои вазифаи пурмасъул комёбӣ таманно намуд.

Дар ҷамъомад комиссари ҳарбии ноҳияи Ишкошим Шафомамад Азизмамадов, раиси Шӯрои собиқадорони меҳнат Иқбол Паҳлавонов, раиси Ҷамоати деҳоти Птуп Мамадназар Қурбонмамадов ва халифаи маркази ноҳия Ёқуб Маносибов ба даъватшудагон хизмати хубу сарбаландӣ таманно намуданд.

Наваскари даъватшуда Наҷихон Лоҷуваров аз Ҷамоати деҳоти Зонг иброз намуд, ки хизмати Модар – Ватан қарзи ҳар як ҷавон буда, аз ҳамсолонаш даъват намуд, ки ин қарзи имониву ҷонии худро дар назди халқу Ватан бояд содиқона адо намоянд.

Бояд гуфт, ки ҷавонони ноҳияи Ишкошим дар қатори дигар ҷавонони мамлакат ҳамчун зодагони даврони соҳибистиқлолӣ дар ободонию пешрафти ҷумҳурӣ ва муаррифии ноҳия саҳми босазо доранд.

Апрель 2, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад