Кӯлоб: ғолибони Мусобиқаи чавгонбозӣ байни ҷавондухтарон муайян гардиданд

Апрель 21, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 21.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ байни ҷавондухтарони солҳои таваллуди 1998-2002 баргузор гардид. Дар маросими қадршиносии ғолибони мусобиқа аввалан ба дастаи шаҳри Душанбе барои ишғоли мақоми сеюм аз ҷониби мураббиёни соҳа нишон ва ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат тақдим карда шуд. Дастаи мизбон Хатлон-2 минтақаи Кӯлоб бо медалҳои нуқраи мусобиқа сарфароз гардида, ба як гурӯҳ бозингарон ҳамчун беҳтарин чавгонбозон туҳфаҳои инфиродӣ тақдим карда шуд.  Дастаи вилояти Суғд низ аз ҷониби ташаббускорон бо медалу  ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардид.

Тавре аз   Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар»   хабар доданд, мусобиқаи мазкур бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.  Роҳандозӣ шудани ин мусобиқа баҳри дарёфти чеҳраҳои нав миёни ҷавонон ва шомил намудани онҳо ба дастаи мунтахаби мамлакат амалӣ карда мешавад.

Зимнан, дар ин ҳамоиш дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳамлавар ва беҳтарин чавгонбози ҷавони мусобиқа муайян карда шуда, бо туҳфаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб қадршиносӣ гардиданд.

Чавгонбозӣ яке аз варзишҳои миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза баҳри ташвиқу тарғиби ин намуди варзиш аз ҷониби кумита ва федератсияҳои дахлдор корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд.

Доир ба  бозии чавгон дар китоби «Таърихи бозиҳои миллии халқи тоҷик»-и Шодӣ Сафаров чунин омадааст: «Чавгон- чӯбдасти саркаҷ буда, бо он дар чавгонбозӣ гӯйро мезананд. Чавгонбозӣ яке аз бозиҳои қадимиест, ки дар Эронзамин пайдо шуда, тадриҷан ба кишварҳои дигари Осиё ва Аврупо паҳн шудааст. Ҳоло он дар барномаи бозиҳои тобистонаи олимпӣ бо номи хоккейи рӯи алаф дохил аст».

Ба андешаи мутахассисон, дар аввал чавгонбозӣ бо асп доир мешуд. Варзишгарон савори асп ба майдон мебаромаданд, ки ин намуди варзиш хоси шоҳон ва шоҳзодагон буд. Баъдтар ин бозӣ дар рӯи хок ва  майса низ гузаронида мешуд. Ин бозӣ бештар дар идҳои Наврӯз, Меҳргон ва ҷашнҳои арӯсиву хатнасур доир карда мешуд.

Тавре  устоди варзиш Холмурод Асоев мегӯяд, «чавгонбозӣ аслан дар асри II пайдо шудааст. Ин бозии дӯстдоштаи мардуми ориёитабор ба ҳисоб рафта, онҳо ин намуди варзишро ҳамчун нишонаи ҷасорату родмардӣ медонистанд. Аслан бозии чавгон се вожаи аслии тоҷикӣ дорад, ки ҳар се дар алоҳидагӣ як маънои томро ифода мекунанд: чавгон, гӯй ва бозӣ. Чавгон чӯби махсуси каҷкардашудаест, ки андоза ва шакли муайян дорад. Гӯй гирдаест (ва  ё тӯбе), ки  аз чӯб ё  пашми гов сохта  мешавад, аз ин рӯ он номи гӯйро гирифтааст ва бо чавгон ба он зада, чавгонбозӣ мекунанд».

Дар Тоҷикистон эҳёи чавгонбозиро ба солҳои 70-уми асри 20 алоқаманд медонанд. Соли 1970 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дастаи чавгонбозон бо номи «СКИФ» ташкил шуда, соли 1976 номи «Ҳосилот»-ро мегирад. Шурӯъ аз соли 1976 ҷавонони тоҷик аввалин маротиба дар мусобиқаи байни шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуданд. Соли  1978  пас  аз ду соли ивази ном дастаи «Ҳосилот» дар Лигаи якум баромад мекунад. Соли 1980 чавгонбозон ба Лигаи олӣ роҳхат мегиранд ва ҳамон сол дастаи яккачини чавгонбозони тоҷик ташкил карда мешавад. Соли 1982 дар спартакиадаи ҷавонон дастаи бонувони чавгонбози тоҷик низ таъсис дода мешавад. Дар ҳамон спартакиада дастаи мунтахаби бонувони мамлакат миёни 15 дастаи ИҶШС ҷойи дуюмро ишғол намуда буд. Чавгонбозони тоҷик дар се спартакиада — солҳои 1979, 1983 ва 1987 ҷойи панҷум-шашумро ишғол  карданд.

Дар бораи дастаи чавгонбоздухатарони «Суғдиён»-и Тоҷикистон, ки он айём яке аз дастаҳои пурқуввати собиқ ИҶШС буд, соли 1987 «Тоҷикфилм» филми «Духтарон аз Суғдиён»-ро ба навор гирифт.

Ҳамчунин  аз соли 2017  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон баҳри эҳёи намудҳои варзиши миллӣ, аз ҷумла чавгонбозӣ иқдоми ватандӯстона роҳандозӣ карда, барномаи  эҳёи чавгонбозиро мураттаб сохтаанд. Айни ҳол дар дар мактабҳои варзишии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Муъминобод гурӯҳҳои писарона ва духтарона фаъолият доранд.  Аз ҳисоби варзишгарони беҳтарин дастаи мунтахаби Тоҷикистон созмон дода шуда, аъзои он дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат мекунанд. Дастаи яккачини Тоҷикистон моҳи августи соли 2017 дар чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуда, миёни 7 даста  мақоми панҷумро касб кард. Бояд гуфт, ки ҳамасола аз  ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва федератсияи чавгонбозии ҷумҳурӣ мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва Ҷоми федератсия гузаронида мешаванд.

Абӯалӣ ибни Сино  чавгонро  як намуди хуби бозиҳои варзишӣ ҳисобида, гуфтааст: «Чавгонбозӣ ҳамчун машқи серҳаракати муфид барои табобати баъзе бемориҳо тавсия дода мешавад».

Воситаи муолиҷавӣ будани бозии чавгонро дар ҳикояи «Маликаи Юнон»-и  китоби  «Ҳазору як шаб»  хондан мумкин аст. Тибқи маълумоти ин китоб, маликаи Юнон аз бемории сахт тавассути чавгонбозӣ шифо ёфта буд.

Чавгон бозии варзишии даставӣ буда, ҳар як даста аз 11 нафар иборат мебошад. Бозӣ дар майдони махсуси андозааш 81 ба 50 метр  доир шуда, давомнокии он 70 дақиқа аст, яъне он аз 2 қисми 35- дақиқагӣ бо танаффус иборат мебошад. Лавозимоти варзишие, ки дар бозӣ истифода мешаванд, ин чавгон ва тӯбча- гӯй мебошад.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»

Апрель 21, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд