«Камол дар оинаи тазкираҳо» — таҳти ин унвон китоби нав ба нашр расид

Апрель 9, 2020 12:00

ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 700-солагии шоири ширинкаломи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китоби наверо бо номи «Камол дар оинаи тазкираҳо» нашр намуд. Китоби мазкур аз ҷониби кормандони ҷавони марказ Иззатбек Шехимов ва Зоҳирҷон Юсупов таҳия гардидааст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилоти Суғд иттилоъ медиҳад.

Китоби «Камол дар оинаи тазкираҳо» фарогири матолиби сарчашмаҳои асосии шинохти шахсият ва ҷаҳонбиниву шеъри Шайх Камоли Хуҷандӣ буда, барои муҳаққиқон  ва оммаи васеи хонандагони тоҷик нигаронида шудааст. Инчунин дар баробари фарогирии муҳимтарин маълумоти тазкираҳои қадиму муосир дар китоб нақду ашъори шоирро шарҳ ва тавзеҳ додаанд.  Дар китоби мазкур маълумоти сарчашмаҳое, ки дар замони Камоли Хуҷандӣ иншо шудаанд, аз қабили дебочаи девони шоир, китобҳои «Дастуру-л-котиб»-и Муҳаммади Нахҷувонӣ, «Ҷавоҳиру-л-асрор»-и Шайх Озарӣ дар мадди назари аввал қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин муаллифон ҳаёти норӯшани шоирро баррасӣ ва аз рӯи сарчашмаҳо равшан намуданд. Дар китоб маълумоти 77 сарчашма гирд оварда шудааст.

Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» дар назар дорад, ки «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ»-ро дар даҳ ҷилд таҳия ва нашр намояд.

Ёдовар мешавем, ки ин гуна фарзандони фарзонаи миллат дар саргаҳи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо қарор доранд. Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат соли равон 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мегардад.

700 солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ 12-28 ноябри соли 2019 ба рӯйхати  солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуд.

Мавриди зикр аст, ки нобиғагони тоҷик дар ташаккули илму фарҳанги башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд ва яке аз чунин шахсиятҳо Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мебошад. Ин бузургмарди миллат дар арсаи байналмилалӣ мақоми хеле баланд дошта, бешак, шахсияти ҷаҳонӣ мебошад.

Камолиддин Абӯаҳмад Муҳаммади Хуҷандӣ, ки бо номи Камоли Хуҷандӣ маъруфу машҳур гардидааст, тахминан солҳои 1319-1320 дар Хуҷанд  таваллуд ёфтааст. Назар ба навиштаи соҳибони тазкира, Камол тақрибан солҳои 1350-60 аз  Хуҷанд  ба нияти ҳаҷ, бо роҳи Хоразм ба Арабистон рафта, дар бозгашт бинобар писанд омадани обу ҳавои Табрез  он ҷо мондааст.

Камоли Хуҷандӣ яке аз намояндагони барҷастаи шеъру адаби форсу тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯ ҳамчун устоди ғазал дар рушду инкишофи ин жанри адабӣ хизмати шоистае анҷом дода, онро ба пояҳои хеле баланд бардоштааст.

Ғазал дар эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ мавқеи асосӣ дорад. Ҳарчанд Камол ба жанрҳои дигари шеърӣ низ даст задааст, лекин теъдоди зиёди эҷодиёти ӯро ғазал ташкил медиҳад. Ғазал оинаи зиндагонии ӯст. Дар ғазал шоир тамоми ормону эҳсосоти худро то вопасин лаҳзаҳои ҳаёташ баён намудааст.

Апрель 9, 2020 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Аввалин сомонаи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон таҳия карда шуд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бунёд карда мешавад
Сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд